إعدادات العرض
Ҳаройина, Худои Таъоло хубиҳо ва бадиҳоро муқаррар намуда, сипас онҳоро баён кардааст
Ҳаройина, Худои Таъоло хубиҳо ва бадиҳоро муқаррар намуда, сипас онҳоро баён кардааст
Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) аз Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) нақл мекунад, ки ӯ дар он чи аз Парвардигор Таборака ва Таъоло ривоят мекунад фармуд: "Ҳаройина, Худои Таъоло хубиҳо ва бадиҳоро муқаррар намуда, сипас онҳоро баён кардааст. Пас, ҳар ки қасди некӣ карду онро ба анҷом нарасонид, Худои Таъоло онро (барои вай) дар назди Худ як хубии комил менависад ва агар қасди некӣ карду онро ба анҷом расонид, Худои Таъоло онро (барои вай) дар назди Худ аз даҳ хубӣ то ҳафсад баробар ва аз он ҳам бештар менависад; ва агар қасди бадӣ карду онро адо накард, Худои Таъоло онро (барои вай) дар назди Худ як хубии комил менависад; ва агар қасди бадӣ карду онро ба анҷом расонид, Худои Таъоло онро (барои вай) як бадӣ менависад".
الترجمة
العربية Español አማርኛ English اردو Indonesia বাংলা Français Türkçe Русский Bosanski සිංහල हिन्दी 中文 فارسی Tiếng Việt Tagalog Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் မြန်မာ ไทย Deutsch پښتو অসমীয়া Shqip Nederlands ગુજરાતી Кыргызча नेपाली Lietuvių دری Српски Kinyarwanda Magyar Čeština Moore Malagasy Oromoo ಕನ್ನಡ Wolof Azərbaycan O‘zbek Українська ქართული Македонски ភាសាខ្មែរ Bambara ਪੰਜਾਬੀ मराठी Kirundi Kurmancî Bahasa Melayuالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки Худованд некӣ ва бадиҳоро муқаррар намуда сипас бар ду фаришта чигуна навиштани онҳоро баён фармудааст: Ҳар кӣ ирода ва қасди анҷоми амали нек кунад, барои ӯ як ҳасана навишта мешавад, агарчи онро анҷом надиҳад. Аммо агар онро анҷом диҳад аз даҳ то ҳафтсад ҳасана ва ҳатто бештар аз он барои ӯ навишта мешавад, ки он вобаста аст ба ихлос дар қалб ва бештар расонидани нафъ бар дигарон ва амалҳои дигаре ҳаммонанди он. Ҳаркӣ ирода ва қасди анҷоми амали нораво кунад ва онро анҷом надиҳад, барои ӯ як ҳасана навишта мешавад, аммо агар ба сабаби машғул будан ва набуди фурсат барои анҷоми авомили расидан ба он онро тарк намояд чизе барои ӯ навишта намешавад. Агар ба сабаби аҷз ва нотавонӣ онро тарк намояд ончи дар қалб дошт навишта мешавад, аммо дар сурати анҷоми он барояш танҳо як гуноҳ навишта мешавад.فوائد الحديث
Баёни фазли бузурги Худованд бар ин уммат, ки аъмоли некашон барзиёд ва аъмоли бади онҳо танҳо як баробар навишта мешавад.
Аҳамияти ният дар аъмол ва таъсири он.
Яке дигар аз фазл ва меҳрубонии Худованд бар бандагонаш ин аст, ки ҳар кӣ қасди анҷоми амали нек кунад ва онро анҷом надиҳад барояш як ҳасана навишта мешавад.
