إعدادات العرض
Дин (-и ислом) насиҳат аст
Дин (-и ислом) насиҳат аст
Аз Абуруқайя Тамим ибни Авси Дорӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дин (-и ислом) насиҳат аст". Гуфтем: (Насиҳат) барои кист? Гуфт: "(Насиҳат) барои Худо, барои китоби Аллоҳ (Қуръон), барои паёмбараш ва барои пешвоёни мусалмонон ва барои умуми онҳо".
الترجمة
العربية Español አማርኛ English اردو Indonesia বাংলা Français Türkçe Русский Bosanski සිංහල हिन्दी 中文 فارسی Tiếng Việt Tagalog Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் မြန်မာ ไทย Deutsch پښتو অসমীয়া Shqip Nederlands ગુજરાતી Кыргызча नेपाली Yorùbá Lietuvių دری Српски Kinyarwanda Română Magyar Čeština Moore Malagasy Fulfulde Italiano Oromoo ಕನ್ನಡ Wolof Azərbaycan O‘zbek Українська ქართული Македонски ភាសាខ្មែរ Bambara ਪੰਜਾਬੀ मराठी Kirundi Kurmancî Bahasa Melayu Yaoالشرح
Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки дин бар пояи ихлос ва ростгӯӣ устувор аст, то он гоҳ ки ба таври комил ва бе кӯтоҳӣ ё фиреб адо гардад, тавре ки Худованд фарз гардондааст. Пас Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) пурсида шуд, ки насиҳат барои чи касе аст? Фармуданд: Аввал: Насиҳат барои Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло, яъне: ихлоси аъмол танҳо барои Ӯ бошад; ба Ӯ ширк оварда нашавад; ба рубубият, улуҳият, номҳо ва сифатҳои Ӯ имон оварда шавад; фармону бузургии Ӯ эҳтиром гардад ва мардумро ба имон овардан ба Ӯ даъват намудан. Дуюм: Насиҳат барои китоби Ӯ, яъне Қуръони Карим, бо ин ки бовар дошта бошем, ки он каломи Ӯ ва охирин китобаш аст, ки нозил шудааст, тамоми шариатҳои пешинро насх кардааст; онро бузург шуморем ва ба дурустӣ тиловаташ кунем; ба аҳкомаш амал намоем; ба муташобеҳоташ таслим шавем; аз таъвили ботили таҳрифгарон онро дифоъ кунем; аз мавъизаҳояш ибрат гирем; илмашро паҳн намоем ва мардумро ба он даъват кунем. Сеюм: Насиҳат барои Расули Худо Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) — бо ин бовар, ки Ӯ охирин паёмбар аст, ба он чи овардааст, имон оварем; фармонҳояшро итоат кунем; аз манъкардаҳояш дурӣ ҷӯем; танҳо мувофиқи он чи ӯ баён кардааст, Худоро ибодат кунем; ӯро бузург шуморем; эҳтиромаш кунем; даъваташро паҳн намоем; шариаташро таблиғ кунем ва ҳар туҳматеро, ки ба ӯ баста мешавад, рад кунем. Чаҳорум: Насиҳат барои пешвоёни мусалмонҳо, бо ёрӣ карданашон дар ҳақ; ихтилоф накардан бо онҳо дар амри ҳукумат; ва шунидану итоат кардан ба онҳо дар он чи итоати Худо аст. Панҷум: Насиҳат барои мусалмонҳо, ба онҳо некӣ кардан; даъват карданашон ба хайр; зарар нарасондан ба онҳо; дӯст доштани некӣ барои онҳо ва ҳамкорӣ бо онҳо дар корҳои нек ва парҳезгорӣ.فوائد الحديث
Насиҳат дар дин бояд фарогир ва ҳамагонӣ бошад.
Фазилат ва ҷойгоҳи баланди насиҳат дар дин.
Дин эътиқодот ва гуфтору кирдорро дар бар мегирад.
Насиҳат бояд аз самими қалб ва ба дур аз фиреб ва ба қасди иродаи хайр ба шахсе, ки ба ӯ насиҳат мешавад, берун ояд.
Нахуст ба таври умум ва сипас баёни он ба таври муфассал аз равиши неки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар таълим аст.
Яке дигар аз равиши Паёмбари Худо дар таълим оғоз кардан аз амри муҳимтарин ва сипас амри муҳимтар аст, чунончи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нахуст аз "насиҳат барои Аллоҳ" оғоз намуда сипас "насиҳат бар китоби Ӯ Таъоло" ва ҳамин гуна "насиҳат барои фиристодаи Ӯ Таъоло"-ро қарор доданд, ва пас аз он "бар ҳокимони мусалмон" ва "бар ҳамаи мусалмонон"-ро фармуданд.
