Ҳаловати имонро касе чашидааст, ки ба Аллоҳ ҳамчун Парвардигори худ ва ба Ислом ҳамчун дини худ ва бар Муҳаммад ҳамчун паёмбари худ розӣ бошад

Ҳаловати имонро касе чашидааст, ки ба Аллоҳ ҳамчун Парвардигори худ ва ба Ислом ҳамчун дини худ ва бар Муҳаммад ҳамчун паёмбари худ розӣ бошад

Аз Аббос ибни Абдулмутталиб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки ӯ аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунид, ки мегуфт: "Ҳаловати имонро касе чашидааст, ки ба Аллоҳ ҳамчун Парвардигори худ ва ба Ислом ҳамчун дини худ ва бар Муҳаммад ҳамчун паёмбари худ розӣ бошад."

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки муъмине, ки дар имонаш содиқ ва қалбаш ба он мутмаъин бошад, дар дилаш кушоиш, шодмонӣ, ширинӣ ва лаззати наздикӣ ба Худовандро эҳсос мекунад, агар ӯ ба се чиз розӣ бошад: Аввал: Худовандро ҳамчун Парвардигор пазируфтааст, яъне дилаш бо он чизе, ки аз ҷониби Аллоҳ Таъоло ба ӯ тибқи муқтазаёти илоҳӣ - аз тақсими ризқу рӯзӣ ва дигар ҳолатҳо мерасад - дилкушод ва хушҳол мешавад ва дар дилаш ба ягон чизе эрод намегирад ва ҷуз Аллоҳ Таъоло парвардигоре намеҷӯяд. Дуюм: Ба Ислом ҳамчун дин розӣ аст, яъне дилаш бо он чизе, ки Ислом аз масъулиятҳо ва воҷибот дорад, дилкушод ва хушҳол бошад ва дар роҳи дигаре ғайр аз Ислом талош накунад. Сеюм: Ба Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамчун Паёмбар розӣ будан, яъне дилаш кушода ва хушҳол бошад бо ҳамаи он чизе, ки ӯ овардааст, бе ҳеҷ шакку шубҳа ва танҳо роҳи ҳидояти ӯро пайравӣ кунад.

فوائد الحديث

Имон таъму лаззати махсус дорад, ки бо дилҳо чашида мешавад, ҳамонгуна ки ширинии хӯрок ва нӯшокӣ бо даҳон чашида мешавад.

Ҷисм лаззати хӯроку нӯшокиҳоро танҳо дар ҳолати саломатӣ эҳсос мекунад, ҳамчунин вақте ки дил аз бемориҳо ва хоҳишҳои гумроҳкунанда ва ҳавову ҳаваси мамнуъ пок бошад, ширинии имонро дармеёбад. Вақте ки дил бемор ва заиф бошад, ширинии имонро ҳис намекунад, балки мумкин аст ба хоҳишҳо ва гуноҳоне, ки сабаби ҳалокати ӯ мешаванд, майл пайдо кунад.

Вақте инсон чизеро қабул кунад ва онро нек пиндорад, анҷом додани он барояш осон мегардад, ҳеҷ мушкиле барояш эҷод намешавад ва бо ҳар чизе, ки анҷом медиҳад хушҳол мегардад. Муъмин ҳам ҳамин тавр аст, вақте имон дар дилаш ҷой гирифт, тоати Парвардигораш барояш осон мешавад, ва рӯҳаш аз он лаззат мебарад ва сахтиҳои он барояш тоқатфарсо нахоҳад буд.

Ибни Қайим мегӯяд: Ин ҳадис маънои розигӣ ба Рубубият ва Улуҳияти Аллоҳ ва розигӣ ба Паёмбараш ва пайравӣ кардан аз ӯ ва розигӣ ба дини Ислом ва таслим шудан ба он мебошад.

التصنيفات

Зиёд шудан ва кам шудани имон