إعدادات العرض
Ислом бар панҷ асос бино ёфтааст
Ислом бар панҷ асос бино ёфтааст
Аз Абуабдурраҳмон Абдуллоҳ ибни Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегӯяд: "Ислом бар панҷ асос бино ёфтааст: Гувоҳӣ додан ба ин ки маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ Таъоло нест ва ин ки Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) расул ва фиристодаи Худост, барпо доштани намоз, додани закот, ҳаҷҷи Хона ва рӯзаи Рамазон".
[Саҳеҳ] [رواه البخاري ومسلم]
الترجمة
العربية Español አማርኛ English اردو Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা Français Türkçe Русский Bosanski සිංහල हिन्दी 中文 فارسی Tiếng Việt Tagalog Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் မြန်မာ ไทย Deutsch 日本語 پښتو অসমীয়া Shqip Svenska Nederlands ગુજરાતી Кыргызча नेपाली Yorùbá Lietuvių دری Српски Soomaali Kinyarwanda Română Magyar Čeština Moore Malagasy Fulfulde Oromoo ಕನ್ನಡ Wolof Azərbaycan O‘zbek Українська ქართული Македонски ភាសាខ្មែរ Bambara ਪੰਜਾਬੀ मराठी Kirundi Kurmancî Bahasa Melayu Yaoالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Исломро бо панҷ рукни он ба биное ташбеҳ кардааст, ки бар ин панҷ рукн устувор аст ва боқимонда вижагиҳои Ислом монанди комилкунандаҳои ин бино ҳастанд. Аввалини он рукнҳо, шаҳодатайн аст. Яъне, гувоҳӣ додан бар ин ки ҳеҷ илоҳи барҳаққе нест, ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад паёмбари Аллоҳ аст. Ва ин ду шаҳодат як рукнанд, ки аз якдигар ҷудо намешаванд. Банда бо эътироф ба ягонагии Аллоҳ ва сазовори ибодат будани Ӯ ба ягонагӣ ва дар ҳоле, ки ба муқтазои он амал мекунад ва ба паёмбарии Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) имон овардааст ва аз ӯ пайравӣ мекунад, ин (шаҳодатайн)-ро ба забон меорад. Рукни дуввум: Барпо доштани намоз аст. Ин рукн намозҳои панҷгонае, ки дар як шабонарӯз аст, монанди бомдод, пешин, аср, шом ва хуфтанро бо ҳама шартҳо, рукнҳо ва воҷиботашон дар бар мегирад. Рукни севум: Адо намудани закоти фарзӣ. Ин ибодати молии воҷибест, ки чун молу сарвати (шахси мусалмон) ба миқдори муайянкардаи шариат бирасад, (миқдори муайянкардаи шариатро гирифта) ба афроди мустаҳиқ дода мешавад. Рукни чаҳорум: Ҳаҷ, яъне сафар кардан ба Макка барои адои маросимҳои ҳаҷ, ба хотири ибодати Аллоҳ Таъоло. Рукни панҷум: Рӯзаи моҳи Рамазон. Даст кашидан аз хӯрдану нӯшидан ва дигар шиканандаҳои рӯза ба нияти ибодати Аллоҳ аз тулуи фаҷр то ғуруби офтоб.فوائد الحديث
Ҷудонашаванда будани ин ду шаҳодат, ба шакле, ки яке аз онҳо бидуни дуввумӣ дуруст нест, бинобар ин ҳарду шаҳодат як рукн ҳисоб мешавад.
Шаҳодатайн асоси дин ҳастанд, пас ҳеҷ сухане ва коре бидуни шаҳодатайн қабул намешавад.
