Бигӯ!: Парвардигоро маро ҳидоят фармо ва дар роҳи росту мустақим қарор деҳ. Бо зикри ҳидоят, ҳидояти касеро дар назар дошта бош, ки роҳро (бидуни инҳироф) мепаймояд,…

Бигӯ!: Парвардигоро маро ҳидоят фармо ва дар роҳи росту мустақим қарор деҳ. Бо зикри ҳидоят, ҳидояти касеро дар назар дошта бош, ки роҳро (бидуни инҳироф) мепаймояд, роҳи росту мустақим, мисли роҳи мустақимест, ки тир мепаймояд

Аз Алӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ман гуфт: "Бигӯ!: Парвардигоро маро ҳидоят фармо ва дар роҳи росту мустақим қарор деҳ. Бо зикри ҳидоят, ҳидояти касеро дар назар дошта бош, ки роҳро (бидуни инҳироф) мепаймояд, роҳи росту мустақим, мисли роҳи мустақимест, ки тир мепаймояд."

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Алӣ ибни Абутолиб (разияллоҳу анҳу) дастур медиҳад, ки ин гуна дуо кунад: (Илоҳо маро ҳидоят кун) ва ба роҳи рост роҳнамоиям намо. (Ва дар роҳи росту мустақим қарор деҳ) маро муваффақ гардон ва дар ҳама корҳоям маро дар роҳи росту мустақим қарорам бидеҳ. Маънои "ҳидоят", шинохти ҳақиқат аст, ҳам тафсилӣ ва ҳам мухтасар. Ҳамчунин тавфиқи амал кардан ба он, ҳам зоҳирӣ ва ҳам ботинӣ. Ва "садод", яъне тавфиқ ва истиқомат дар ҳама корҳо, ба тавре ки дуруст ва мувофиқи ҳақ бошад, ки он роҳу равиши дуруст дар гуфтор, рафтор ва эътиқод аст. Азбаски ки мафҳумҳои маънавӣ бо чизҳои ҳисшаванда равшантар фаҳмида мешаванд, вақте ки ин дуоро мехонӣ, дар хотир биёр, ки (ҳидоят, роҳнамоӣ ба роҳ аст) монанди роҳнамоии мусофир аст, зеро ӯ дар роҳ аст ва тарафи рост ё чап намепечад, то ин ки роҳгум назанад ва ба мақсад зудтар ва ба саломатӣ ва амонӣ бирасад. (Садод: рост рафтану ба нишон расидани тир аст). Вақте ки ту тирро ба нишон равон мекунӣ, мебинӣ, ки чӣ гуна бо суръат мерасад ва ба ҳадаф мезанад. Тирандоз вақте чизеро гирифтан хоҳад, тирро ба сӯи ҳадаф нишон мегирад ва дақиқ равона мекунад. Ҳамин тавр, ту аз Худованд мепурсӣ, ки амали ту, ниятат, гуфтугӯят ва рафторҳоят мисли тири рост ба мақсад расад. Пас, дар дуоят ту аз Худованд ду чиз талаб кун: ҳидояти комил ва ниҳояти истиқомату ростӣ. Пас ин маъниро дар дилат биёвар, то вақте аз Худованд садод металабӣ, нияти ту ва амалат мисли он тире бошад, ки рост ба мақсад мерасад.

فوائد الحديث

Дуокунанда бояд кӯшиш намояд, ки амалашро дуруст ва мувофиқ ба суннат иҷро кунад ва нияти холис дошта бошад.

Бо ин калимаҳои фарогир барои тавфиқ ва садод (дуои ҳидоят ва садод) дуо кардан мустаҳаб аст.

Барои банда лозим аст, ки дар ҳама корҳояш аз Худованд ёрӣ бихоҳад.

Ҳангоми омӯзондан истифода аз зарбулмасал фоиданок ва муассир аст.

Дархост байни дуо барои ҳидоят ва дурустии ҳолат, маънои онро дорад, ки инсон аз Худо талаб мекунад: “اهدني” — ки ҳамеша дар роҳи дуруст ва ҳидояти ҳақ бошад ва аз он ҳаргиз гумроҳ нашавад, ҳатто як лаҳза. “وسددني” — ки дар пайравӣ аз ин ҳидоят дурусткор ва мустақим бошад, яъне ҳангоми дар роҳи дуруст будан низ иштибоҳ ва каҷравӣ накунад. Яъне, аввал дуо мекунад барои ёфтани роҳи ҳақ ва сипас дуо мекунад барои собит мондан ва дуруст амал кардан дар он роҳ, то охир.

Дуокунанда бояд ба дуояш аҳамият диҳад ва маънои дуои худро дар дил ба ёд оварад, зеро чунин ҳолат сабаби бештар қабул шудани дуо мегардад.

التصنيفات

Дуоҳои маъсур (ривоятшуда)