إعدادات العرض
Гуфтам: Эй Расули Худо, ҳаққи ҳамсарамон бар мо чист? Фармуд: "Он ки вақте ту таом мехӯрӣ, ӯро низ бихӯронӣ, вақте ту либос мепӯшӣ, ё ба даст меорӣ, барои ӯ низ либос…
Гуфтам: Эй Расули Худо, ҳаққи ҳамсарамон бар мо чист? Фармуд: "Он ки вақте ту таом мехӯрӣ, ӯро низ бихӯронӣ, вақте ту либос мепӯшӣ, ё ба даст меорӣ, барои ӯ низ либос муҳайё кунӣ, ба рӯй назанӣ, ба ӯ дашном надиҳӣ ва таҳқир накунӣ, ҷуз дар хона аз ӯ дурӣ накунӣ (қаҳр накунӣ)
Аз Муовияи Қушайрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Гуфтам: Эй Расули Худо, ҳаққи ҳамсарамон бар мо чист? Фармуд: "Он ки вақте ту таом мехӯрӣ, ӯро низ бихӯронӣ, вақте ту либос мепӯшӣ, ё ба даст меорӣ, барои ӯ низ либос муҳайё кунӣ, ба рӯй назанӣ, ба ӯ дашном надиҳӣ ва таҳқир накунӣ, ҷуз дар хона аз ӯ дурӣ накунӣ (қаҳр накунӣ)."
الترجمة
العربية Bosanski English فارسی Indonesia Русский Türkçe اردو हिन्दी 中文 Kurdî Português Nederlands অসমীয়া Tiếng Việt ગુજરાતી Kiswahili پښتو සිංහල Hausa Tagalog മലയാളം नेपाली Magyar ქართული తెలుగు Македонски Svenska Moore Română ไทย Українська मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ বাংলা Wolof ភាសាខ្មែរ ಕನ್ನಡ Malagasy Kinyarwanda Shqip Српски தமிழ் မြန်မာ Oromoo Deutsch Lietuviųالشرح
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро пурсиданд, ки ҳаққи ҳамсар бар шавҳараш чист? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чанд чизро зикр карданд, аз ҷумла: Аввал: ғизоро танҳо барои худ ихтисос надеҳ, балки ҳар гоҳ ту хӯрдӣ ва таом дошта бошӣ, ӯро низ бихӯрон. Дувум: либосаро танҳо барои худ ихтисос надеҳ, балки вақте ту мепӯшӣ ва касб мекунӣ, барои ӯ низ либос муҳайё кун. Севум: ҳамсар бидуни сабаб ва зарурат зада намешавад, агар барои тарбият ё тарки баъзе воҷибот зарурати зарбе пеш ояд, он бояд зарби сабук бошад, на озордиҳанда. Ва ба ҳеҷ ваҷҳ бар рӯй зада намешавад, зеро рӯй аз бузургтарин ва намоёнтарин узвҳо аст, ки шомили узвҳои шариф ва нозук аст. Чаҳорум: ба ӯ дашном надеҳ ва магӯ: Худо рӯятро зишт гардонад. Ҳеҷ чизе аз ӯ ё аз андоми баданашро ба зиштӣ, ки муқобили зебоӣ аст, нисбат мадеҳ, зеро Худованди Таъоло чеҳра ва ҷисми инсонро шакл бахшидааст ва ҳар чизеро, ки офаридааст, некӯ ва зебо офаридааст. Айб гирифтан ба офаридашуда, айб гирифтан ба Офаридгор маҳсуб мешавад (Худованд паноҳ диҳад). Панҷум: Ҷудоӣ (қаҳр кардан)-ро фақат дар бистар анҷом деҳ, аз ӯ дур машав ва ӯро ба дигар хона ё ҷойи дигар интиқол надеҳ. Ва эҳтимол ин ба он ҳолатҳое ишора дорад, ки одатан миёни мард ва ҳамсар ҳангоми ранҷиш ё ихтилоф пеш меояд.فوائد الحديث
Талошу эҳтиёти саҳобагон барои донистани ҳуқуқе, ки бояд нисбат ба дигарон адо кунанд, ҳамчунин донистани ҳуқуқе, ки барояшон муқаррар шудааст.
Нафақа (хароҷоти зиндагӣ), либос ва хона барои зан бар шавҳараш воҷиб аст.
Наҳй аз зишт донистан ё бадгӯии маънавӣ ва ҳиссӣ.
Аз ҷумлаи тақбиҳи манъшуда ин аст, ки ба зан бигӯяд: Ту аз қабилаи бад ва паст ҳастӣ, ё аз оилаи бад ҳастӣ, ё ҳар чизе, ки монанди ин бошад.
التصنيفات
Муошират миёни зану шавҳар