إعدادات العرض
Агар (мол танҳо) бо даъво кардан ба мардум дода мешуд, мардон молу хуни қавмро даъво мекарданд, лекин ба даъвогар гувоҳ овардан ва ба он ки мункир мешавад, қасам…
Агар (мол танҳо) бо даъво кардан ба мардум дода мешуд, мардон молу хуни қавмро даъво мекарданд, лекин ба даъвогар гувоҳ овардан ва ба он ки мункир мешавад, қасам хӯрдан (лозим) аст
Аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Агар (мол танҳо) бо даъво кардан ба мардум дода мешуд, он гоҳ мардон молу хуни қавмро даъво мекарданд, лекин ба даъвогар гувоҳ овардан ва ба он ки мункир мешавад, қасам ёд кардан (лозим) аст".
الترجمة
العربية Español አማርኛ English اردو Indonesia বাংলা Français Türkçe Русский Bosanski සිංහල हिन्दी 中文 فارسی Tiếng Việt Tagalog Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் မြန်မာ ไทย Deutsch پښتو অসমীয়া Shqip Nederlands ગુજરાતી Кыргызча नेपाली Lietuvių دری Српски Kinyarwanda Magyar Čeština Moore Malagasy Oromoo ಕನ್ನಡ Wolof Azərbaycan O‘zbek Українська ქართული Македонски ភាសាខ្មែរ ਪੰਜਾਬੀ मराठी Kirundi Kurmancî Bahasa Melayuالشرح
Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки агар ба мардум танҳо бо даъвоҳои худашон (бе ягон далелу қарина) он чиро, ки даъво доранд, дода шавад, пас баъзеҳо молу хуни мардумро даъво мекарданд. Аз ин рӯ, бар даъвогар лозим аст, ки далел ва бурҳон пешниҳод кунад. Агар далеле надошта бошад, даъво бар муқобили касе, ки аз он талаб мешавад (яъне муҳокимашаванда) равона мешавад. Агар ӯ инкор кунад, пас бояд савганд хӯрад ва бо ин роҳ бегуноҳ дониста мешавад.فوائد الحديث
Ибни Дақиқи Ъид мегӯяд: Ин ҳадис яке аз асосҳои муҳимми ҳукмҳо ва бузургтарин марҷаъ дар ҳолати ихтилоф ва низоъ мебошад.
Шариат барои ҳифзи молу ҷони мардум аз фиребу найранг омадааст.
Қозӣ бо дониши шахсии худ ҳукм намекунад, балки ба далелу бурҳонҳо руҷуъ мекунад.
Ҳар касе даъвое бидуни ҳеҷ гуна далелу бурҳон кунад, даъвояш рад карда мешавад, хоҳ ин дар масоили ҳуқуқ ва муомилот бошад ва хоҳ дар масоили имон ва илм.
التصنيفات
Мурофиаҳо ва баййинаҳо