Дар ҳақиқат, сабуктарин (камазобтарин) кас аз аҳли дӯзах он шахс аст, ки барои ӯ ду мӯза ва ду банди мӯза аз оташ мебошанд. Аз гармии он мағзи сари ӯ ҷӯш мезанад, мисли…

Дар ҳақиқат, сабуктарин (камазобтарин) кас аз аҳли дӯзах он шахс аст, ки барои ӯ ду мӯза ва ду банди мӯза аз оташ мебошанд. Аз гармии он мағзи сари ӯ ҷӯш мезанад, мисли он ки дег меҷӯшад. Бо вуҷуди ин, ӯ гумон мекунад, ки азоби касе аз азоби ӯ сахттар нест, дар ҳоле ки ӯ сабуктарин азобро дар миёни аҳли дӯзах дорад

Аз Нуъмон ибни Башир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дар ҳақиқат, сабуктарин (камазобтарин) кас аз аҳли дӯзах он шахс аст, ки барои ӯ ду мӯза ва ду банди мӯза аз оташ мебошанд. Аз гармии он мағзи сари ӯ ҷӯш мезанад, мисли он ки дег меҷӯшад. Бо вуҷуди ин, ӯ гумон мекунад, ки азоби касе аз азоби ӯ сахттар нест, дар ҳоле ки ӯ сабуктарин азобро дар миёни аҳли дӯзах дорад."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар додааст, ки сабуктарин (камазобтарин) аҳли дӯзах дар рӯзи қиёмат касест, ки ду пойафзол ва ду банди пойафзоли оташин бар ӯ бошад ва аз гармии онҳо сару майнааш ҷӯш мезанад, чунон ки деги мис ҷӯш мезанад. Ӯ гумон мекунад, ки ҳеҷ касе сахттар аз ӯ азоб намекашад, дар ҳоле ки воқеан азобаш сабуктарин аст. Ин ба он сабаб аст, ки азоби ҷисмӣ ва руҳӣ бар ӯ ҷамъ шавад.

فوائد الحديث

Ҳушдор ва огоҳӣ барои гунаҳкорон ва кофирон аз даҳшатнокии азоби дӯзах, то аз он чизҳое, ки онҳоро ба чунин сарнавишт меорад, дурӣ ҷӯянд.

Даракоти (дараҷаҳои поёнӣ) аҳли дӯзах вобаста ба бадии аъмоли онҳо фарқ мекунанд.

Шиддати азоби оташ, Худованд моро аз он нигаҳ дорад.

التصنيفات

Сифатҳои биҳишт ва дӯзах