Дар ҳақиқат дин осон аст ва ҳар кас онро бар худ сахт бигирад, саранҷом хаста ва дармонда мешавад ва дин бар ӯ ғалаба мекунад. Пас роҳи рост, дуруст ва миёнаро дар пеш…

Дар ҳақиқат дин осон аст ва ҳар кас онро бар худ сахт бигирад, саранҷом хаста ва дармонда мешавад ва дин бар ӯ ғалаба мекунад. Пас роҳи рост, дуруст ва миёнаро дар пеш бигиред

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуданд: "Дар ҳақиқат дин осон аст ва ҳар кас онро бар худ сахт бигирад, саранҷом хаста ва дармонда мешавад ва дин бар ӯ ғалаба мекунад. Пас роҳи рост, дуруст ва миёнаро дар пеш бигиред. Хушҳол бошед ва аз ибодати субҳу шом ва посе аз шаб кумак бигиред."

[Саҳеҳ] [رواه البخاري]

الشرح

Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки дини Ислом дар ҳама умураш бар осонӣ ва сабукӣ бино ёфтааст. Ин осонгирӣ ҳангоми вуҷуд доштани дармондагӣ нотавонӣ ва ниёзмандӣ бештар таъкид мешавад. Зеро зиёдаравӣ дар корҳои динӣ ва тарки нармӣ ва миёнаравӣ боиси нотавонӣ ва тарки амал (хоҳ пурра ё қисман) мегардад. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мардумро ба миёнаравӣ ва эътидоли бидуни муболиға тарғиб карданд,. Бинобар ин набояд шахс дар иҷрои фармонҳо кӯтоҳӣ кунад ва на ҳам бояд беш аз тавоноии худ масъулият гирад. Агар кореро натавонист бо беҳтарин ваҷҳ анҷом диҳад, бояд наздиктарин ва мувофиқтарини онро анҷом диҳад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои касе, ки амалаш доимӣ аст, ҳарчанд кам ҳам бошад, аҷру подоши бузурге мужда додааст. Ин барои касоне аст, ки наметавонанд амалро бо комилтарин ваҷҳ анҷом диҳанд. Агар нотавонӣ аз сӯи худи шахс қасдан набошад, аҷру подошаш кам намешавад. Аз он ҷо ки дунё дар асл диёри сафар ва гузариш ба охират аст, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амр намуданд, ки барои идомаи ибодатҳо аз се вақте ки нерӯ мебахшад, кумак бояд гирифт: Аввал: "Ғадваҳ", яъне ҳаракат кардан дар аввали рӯз, ки байни намози субҳ ва баромадани офтоб аст. Дуюм: "Равҳаҳ": Ҳаракат кардан баъд аз завол (баъди пешин), яъне баъд аз нисфирӯзӣ. Сеюм: "Дулҷа": Ҳаркат кардан дар шаб, ҳамаи шаб ё қисме аз он. Аз он ҷо ки кор кардан дар шаб душвортар аз корҳои рӯз аст, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "ва шайъун минад-дулҷа", яъне, қисме аз шаб.

فوائد الحديث

Осонгирӣ ва сабукии шариати исломӣ ва муътадил буданаш байни зиёдаравӣ ва миёнаравӣ.

Банда бояд амри илоҳиро ба андозаи тавоноияш анҷом диҳад, бидуни саҳлангорӣ ва сахтгирӣ.

Банда бояд барои ибодат вақтҳоеро интихоб кунад, ки нерӯи бештаре дорад. Ҷисми инсон дар ин се вақт омодагии хуб ва нерӯи бештаре барои анҷоми ибодатҳо дорад.

Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ мегӯяд: Гӯё Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо мусофире суҳбат мекард, ки ба мақсадаш меравад ва ин вақтҳои сегона беҳтарин вақтҳо барои мусофир аст. Ӯ ба мусофир ин вақтҳоро ёдовар шуд, зеро агар мусофир шабу рӯз бе таваққуф сафар кунад, аз ҳад зиёд хаста шуда, аз сафар мемонад, вале агар дар ин вақтҳои нишотовар сафар кунад, метавонад бемашаққат роҳро идома диҳад.

Ибни Ҳаҷар мегӯяд: Дар ин ҳадис ишора ба пазируфтани рухсатҳои шариат аст, зеро интихоби азимат дар ҷойи рухсат, як навъ зиёдаравӣ ва сахтгирӣ аст. Монанди касе, ки вақте наметавонад обро истифода барад, таяммум намекунад ва истифода бурданаш аз об сабаби зарар дидани ӯ мешавад.

Ибни Мунир мегӯяд: Дар ин ҳадис яке аз нишонаҳои бузурги нубувват ҳаст. Мо ва мардуми пеш аз мо дидаем, ки ҳар касе дар дин зиёдаравӣ кунад, аз роҳ мебарояд. Мақсад худдорӣ аз талаби комилтарин ваҷҳ дар анҷоми ибодат нест, зеро ин (комил анҷом додан) аз корҳои писандида аст. Балки мақсад пешгирӣ аз зиёдаравие аст, ки ба хастагӣ ва танбалӣ мебарад, ё тарк кардани амалҳои беҳтар дар натиҷаи зиёд анҷом додани амалҳои нафлӣ, ё намозҳои фарзро дар вақти худ нахондан, мисли касе, ки тамоми шабро намози нафл мехонад, вале ба намози ҷамоати бомдод намеравад, ё намози фарзро пас аз вақти муқаррарӣ (пас аз офтоб баромадан) мехонад.

التصنيفات

Фазилати Ислом ва маҳосини он