إعدادات العرض
Дар биҳишт бозоре ҳаст, ки онҳо (биҳиштиён) ҳар ҷумъа ба он меоянд
Дар биҳишт бозоре ҳаст, ки онҳо (биҳиштиён) ҳар ҷумъа ба он меоянд
Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дар биҳишт бозоре ҳаст, ки онҳо (биҳиштиён) ҳар ҷумъа ба он меоянд. Шамоли шимол бар рӯйҳо ва либосҳои онҳо мевазад, ки бар зебогӣ ва ҷамоли онҳо меафзояд. Ба назди хонаводаи худ бармегарданд ва мебинанд, ки бар ҳусну ҷамолашон афзуда шудааст. Хонаводаи онҳо ба онҳо мегӯянд: Ба Аллоҳ савганд, пас аз мо бар ҳусну ҷамолатон афзуда шудааст! Онҳо мегӯянд: Ба Аллоҳ савганд, шумо низ пас аз мо бар ҳусну ҷамолатон афзуда шудааст".
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt සිංහල Kurdî Nederlands Kiswahili অসমীয়া ગુજરાતી Magyar ქართული Hausa Română ไทย Português मराठी ភាសាខ្មែរ دری አማርኛ Македонски తెలుగు Українська ਪੰਜਾਬੀ മലയാളം Moore پښتو ಕನ್ನಡالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки дар биҳишт маконе ҳаст, ки онҳо дар он ҷамъ мешаванд. Дар он ҷо хариду фурӯш нест. Ҳар кас аз он чизе бихоҳад мегирад. Онҳо дар ҳар ҳафт рӯз якбор ба онҷо меоянд. Шамоли шимол бар рӯйҳо ва либосҳояшон мевазад ва бар ҳусну ҷамоли онҳо меафзояд. Онҳо ба назди хонаводаи худ бармегарданд ва мебинанд, ки зебоии онҳо низ афзудааст. Хонаводаи онҳо мегӯянд: Ба Аллоҳ савганд, шумо пас аз мо зеботар шудаед, ва онҳо ҷавоб медиҳанд: Ба Аллоҳ савганд, шумо низ пас аз мо зеботар гаштаед.فوائد الحديث
Баёни ин ки ҳусну ҷамоли аҳли биҳишт ҳамеша дар ҳолати афзудан аст.
Ҳадисҳо инсонро водор мекунанд, ки ба корҳои некӯ иштиёқ пайдо кунад, ки ӯро ба ин манзил (биҳишт) мерасонанд.
Шамоли шимолро махсусан зикр карданд, зеро он беҳтарин шамол дар миёни арабҳо буд ва бо худ хайр ва борон меовард.
Ташвиқ ба даъват ба сӯи Худо бо ваъдаи биҳишт ва неъматҳои он.
التصنيفات
Сифатҳои биҳишт ва дӯзах