إعدادات العرض
Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоле ки кафи дастам байни ду кафи дастонаш буд, ончунон ба ман Ташаҳҳудро омӯзонд, мисле, ки сурае аз Қуръонро таълим…
Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоле ки кафи дастам байни ду кафи дастонаш буд, ончунон ба ман Ташаҳҳудро омӯзонд, мисле, ки сурае аз Қуръонро таълим медод
Аз ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоле ки кафи дастам байни ду кафи дастонаш буд, ончунон ба ман Ташаҳҳудро омӯзонд, мисле, ки сурае аз Қуръонро таълим медод: "Аттаҳиёту лиллоҳи вассалавоту ваттаййибот. Ассалому ъалайка айюҳаннабийю ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ. Ассалому ъалайно ва ъало ъибодиллоҳис солиҳин. Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳ." Ва дар лафзи дигар аз он ду: " Ҳамоно Аллоҳ худ Салом аст (бинобар ин, салом бар Аллоҳ, нагӯед). Ҳаргоҳ касе барои хондани "Таҳийёт" дар намозаш нишаст, бояд чунин бигӯяд: Аттаҳиёту лиллоҳи вассалавоту ваттаййибот. Ассалому ъалайка айюҳаннабийю ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ. Ассалому ъалайно ва ъало ъибодиллоҳис солиҳин. Пас, ҳаргоҳ инро гуфт, дар воқеъ (саломаш) ба ҳар бандаи солиҳе, ки дар осмон ва замин аст ва гувоҳӣ додааст, ки маъбуде ба ҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст, расидааст. Сипас ҳар дархосте, ки хост метавонад аз Худо бихоҳад." (Ва дар дуои баъд аз ташаҳҳуд бигӯяд).
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी සිංහල ئۇيغۇرچە Hausa Português Kurdî Kiswahili Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá Tiếng Việt پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Kinyarwanda Română తెలుగు Lietuvių മലയാളം Nederlands Soomaali Shqip Српски Українська Deutsch ಕನ್ನಡ Moore ქართული Azərbaycan Magyar தமிழ் Македонски Wolof မြန်မာ አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek ភាសាខ្មែរ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ташаҳҳудеро, ки дар намоз гуфта мешавад, омӯзонд дар ҳоле ки дасти ӯ дар дастонаш буд, то ин ки таваҷҷуҳи Ибни Масъуд ба ӯ бошад. Ҳамон гуна, ки сурае аз Қуръонро ба ӯ меомӯзонд. Ва ин нишондиҳандаи аҳамияти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ташаҳҳуд аз нигоҳи лафз ва маъно буд. Пас гуфт: "Аттаҳиёту лиллоҳи": Яъне, ҳар як сухан ё амале, ки ба таъзиму бузургдошт далолат мекунад ва ҳамаи он таъзиму бузургдошт сазовори Аллоҳ Таъоло аст. "Ассалавот": Ин ҳамон намози маъруф аст, фарз ва нафле, ки барои Аллоҳ Таъоло хонда мешавад. "Аттайибот": Гуфторҳо, кирдорҳо ва васфҳои нек ва поке аст, ки далолат бар камолот мекунад ва ҳамаи онҳо сазовори Аллоҳ Таъоло аст. "Ассалому ъалайка айюҳаннабийю ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу": Дуо барои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои саломати аз ҳама офатҳо ва балоҳо ва афзуни аз ҳама некиҳо. "Ассалому ъалайно ва ъало ъибодиллоҳис-солиҳин": Дуо барои саломатии намозгузор ва ҳар бандаи некукоре, ки дар осмону замин аст. "Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу": Яъне: Қатъан ва ҷазман иқрор мекунам, ки нест маъбуди ба ҳақ магар Аллоҳ. "Ва анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу": Ба бандагии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва охирини паёмбарон буданаш иқрор мекунам. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) намозгузорро ташвиқ кард, ки ҳар дуъоеро, ки бихоҳад, интихоб кунад (ва дуо кунад).فوائد الحديث
Ҷойи ин ташаҳҳуд дар ҳоли нишастан пас аз саҷдаи охирин дар ҳар намоз ва баъд аз ракъати дуюм дар намозҳои се ва чаҳор ракъатӣ аст.
Хондани "Аттаҳиёт" дар ташаҳҳуд воҷиб аст. Ва хондани ҳар лафзи ташаҳҳуд, ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, ҷоиз аст.
Дар намоз ҳар дуъое, ки намозгузор бихоҳад, кардан ҷоиз аст, ба шарте ки гуноҳ набошад.
Дар дуо аз худ оғоз кардан мустаҳаб аст.
التصنيفات
Равиш ва сифати намоз