Шабе, ки манро ба осмонҳо бурданд (шаби Исро ва Меъроҷ), Иброҳим (алайҳис-салом)-ро дидам, ки ба ман гуфт: Эй Муҳаммад, ба умматат аз номи ман салом бирасон ва онҳоро…

Шабе, ки манро ба осмонҳо бурданд (шаби Исро ва Меъроҷ), Иброҳим (алайҳис-салом)-ро дидам, ки ба ман гуфт: Эй Муҳаммад, ба умматат аз номи ман салом бирасон ва онҳоро хабар деҳ, ки биҳишт хокаш пок ва обаш ширин аст

Аз ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Шабе, ки манро ба осмонҳо бурданд (шаби Исро ва Меъроҷ), Иброҳим (алайҳис-салом)-ро дидам, ки ба ман гуфт: Эй Муҳаммад, ба умматат аз номи ман салом бирасон ва онҳоро хабар деҳ, ки биҳишт хокаш пок ва обаш ширин аст, замини он ҳамвор ва ҳосилхез аст. Ниҳолҳояш: Субҳоналлоҳ, Алҳамду лиллоҳ, Ло илаҳа иллаллоҳ, ва Аллоҳу акбар, аст."

[Ҳасан ба шоҳидҳояш] [رواه الترمذي]

الشرح

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки шаби Исро ва Меъроҷ бо Иброҳими Халил (алайҳис-салом) вохӯрданд, ки ӯ гуфтааст, эй Муҳаммад! Ба умматат аз ҷониби ман салом бирасон ва онҳоро огоҳ кун, ки биҳишт хокаш покиза ва обаш ширин аст, намаке дар он нест. Биҳишт замини васеъ ва ҳамворе аст, ки дар он дарахте нест, ва ниҳолаш калимаҳои поку нек аст, яъне Субҳоналлоҳ, Алҳамду лиллоҳ, Ло илаҳа иллаллоҳ, ва Аллоҳу акбар. Бинобар ин ҳар гоҳ мусалмон ин калимаҳоро бигӯяд ва такрор кунад, дар биҳишт барои ӯ дарахте шинонда мешавад.

فوائد الحديث

Ташвиқ ба доимӣ доштани зикр, то ки ниҳолҳои бештаре дар биҳишт барои шахс шинонда шаванд.

Фазилати уммати исломӣ, чун ки Иброҳим (алайҳис-салом) ба онҳо салом фиристодааст.

Иброҳим (алайҳис-салом) уммати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро ба зикри зиёд ва пайвастаи Худованд ташвиқ намудааст.

Тайибӣ гуфтааст: Биҳишт ҳамвор ва ҳосилхез аст. Аллоҳ Таъоло бо фазли Худ дар он мувофиқи амалҳои амалкунандагон дарахтон ва қасрҳо офарид, ҳар касро мувофиқи аъмолаш. Чун Аллоҳ касро барои амале, ки барои он офарида шудааст, тавфиқ медиҳад, то ба воситаи он подош ёбад, мисли он аст, ки гӯё худи ӯ дарахтҳоро дар биҳишт мешинонад.

التصنيفات

Фазоили зикр