Мебинам, ки хоби шумо дар ҳафт шаби охир иттифоқ афтодааст, пас ҳар касе дар ҷустуҷӯӣ шаби қадр аст, боист онро дар ҳафт шаби охир ҷустуҷӯ кунад

Мебинам, ки хоби шумо дар ҳафт шаби охир иттифоқ афтодааст, пас ҳар касе дар ҷустуҷӯӣ шаби қадр аст, боист онро дар ҳафт шаби охир ҷустуҷӯ кунад

Аз Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст: Барои мардоне аз асҳоби Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар хоб лайлатул-қадр дар ҳафт шаби охир нишон дода шуд ва Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Мебинам, ки хоби шумо дар ҳафт шаби охир иттифоқ афтодааст, пас ҳар касе дар ҷустуҷӯӣ шаби қадр аст, боист онро дар ҳафт шаби охир ҷустуҷӯ кунад."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Мардоне аз асҳоби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар хоб диданд, ки шаби қадр дар ҳафт шаби охири моҳи Рамазон хоҳад буд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ман мебинам, ки хобҳои шумо бар он мувофиқат кардаанд, ки (шаби қадр) дар ҳафт шаби охири моҳи Рамазон аст. Пас ҳар касе, ки нияти ёфтани онро дорад ва дар ҷустуҷӯи он талош меварзад, бояд дар ҷустуҷӯ ва талаб кардани он бо афзудани корҳои нек кӯшиш намояд, зеро эҳтимоли бештар дорад, ки он дар ҳафт шаби охир бошад. Он аз шаби бисту чаҳорум оғоз мешавад, агар моҳи Рамазон сӣ рӯз бошад, ва агар моҳ бисту нуҳ рӯз бошад, аз шаби бисту сеюм оғоз мегардад."

فوائد الحديث

Фазилати шаби қадр ва ташвиқ ба ҷустуҷӯйи он.

Аз ҳикмат ва раҳмати Худост, ки ин шабро пинҳон доштааст, то мардум дар ибодат ҷидду ҷаҳд намоянд ва онро ҷустуҷӯ кунанд ва дар натиҷа савобашон бештар гардад.

Шаби қадр дар даҳ шаби охири моҳи Рамазон аст. Ва будани он дар ҳафт шабҳои охири он умедвортар мебошад.

Шаби қадр яке аз шабҳои даҳгонаи охири Рамазон аст. Он шабест, ки Худованди Азза ва Ҷалла Қуръонро бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил фармуд ва ин шабро ба баракати фаровон, бузургии мақом ва таъсири амалҳои нек дар он, беҳтар аз ҳазор моҳ қарор дод.

Он «Лайлатул-қадр» (шаби қадр) (бо сукуни ҳарфи дол), номида шудааст, ё аз ҷиҳати шараф аст, чунон ки мегӯянд: фалонӣ бузургқадр аст, пас изофаи шаб аз навъи изофаи чиз ба сифати он мебошад, яъне шаби шариф, ки дорои мақому шараф ва бузургист, чунон ки фармудааст: (Мо Қуръонро дар шаби муборак [ва фархундаи қадр] нозил кардем.) (Сураи Духон, ояти 3). Ё аз ҷиҳати тақдир (тақдир кардан) аст, пас изофаи он аз навъи изофаи зарф ба он чизест, ки дар бар мегирад, яъне ин ҳамон шабест, ки дар он тақдири он чӣ дар давоми сол рух медиҳад, муқаррар мегардад: (Дар он [шаб] ҳар амри муҳимме файсала меёбад [ва тадбир мешавад].) (Сураи Духон, ояти 4).

التصنيفات

Даҳаи охири рамазон