إعدادات العرض
Имрӯз ин парчамро ба дасти марде хоҳам дод, ки Худо ва Расулашро дӯст медорад ва Худованд ба дастҳои ӯ кушоиш меоварад
Имрӯз ин парчамро ба дасти марде хоҳам дод, ки Худо ва Расулашро дӯст медорад ва Худованд ба дастҳои ӯ кушоиш меоварад
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар рӯзи Хайбар фармуданд: "Имрӯз ин парчамро ба дасти марде хоҳам дод, ки Худо ва Расулашро дӯст медорад ва Худованд ба дастҳои ӯ кушоиш меоварад". Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) гуфт: Ман аморатро ҷуз дар ҳамон рӯз дӯст надоштам ва барои расидан ба он болои баландӣ баромадам, то шояд барои он хонда шавам. Гуфт: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Алӣ ибни Абутолиб (разияллоҳу анҳу)-ро хоста, парчамро барояш доду фармуданд: "Бирав ва ба ҷое илтифот макун, то Худованд туро фатҳу зафар насиб намояд." Гуфт: Алӣ (разияллоҳу анҳу) қадре рафту сипас истод ва бидуни ин ки илтифот намояд, фарёд зад: Ё Расулуллоҳ! Бар чи чиз бо мардум биҷангам? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Бо эшон биҷанг, то шаҳодат диҳанд: Ло илоҳа иллаллоҳ Муҳаммадур-расулуллоҳ. Яъне, маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фиристодаи Худо аст. Ҳар гоҳ инро гуфтанд, дар ҳақиқат хунҳо ва молҳои хешро аз ту боздоштанд, магар ба ҳаққи он ва ҳисобашон бо Худост."
الترجمة
العربية Bosanski English Español فارسی Indonesia Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Kurdî Português සිංහල Nederlands অসমীয়া Tiếng Việt Kiswahili ગુજરાતી پښتو Română മലയാളം नेपाली Deutsch Кыргызча ქართული Moore Magyar తెలుగు Svenska Македонски ಕನ್ನಡ Українська Kinyarwanda Oromoo ไทย Српски मराठी ਪੰਜਾਬੀ Wolof دری አማርኛ বাংলা Malagasy ភាសាខ្មែរ Lietuvių Tagalog தமிழ் Shqip မြန်မာ Русскийالشرح
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саҳобагонашро хабар доданд, ки фардо мусалмонон бар яҳудиёни Хайбар пирӯз мешаванд. Хайбар шаҳре наздик ба Мадина буд ва ин пирӯзӣ ба дасти шахсе сурат мегирад, ки Паёмбар парчамро ба ӯ медиҳад. Ин парчам нишонаи лашкар аст. Он шахс дорои ин сифат аст, ки Худо ва Расулашро дӯст медорад ва Худо ва Расулаш низ ӯро дӯст медоранд. Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) гуфтааст, ки ман ҳеҷ гоҳ таманнои иморат ва фармондиҳиро надоштам, ҷуз дар он рӯз, бо умеде, ки шояд ман шахсе бошам, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи муҳаббати Худо ва Расулаш ба ӯ гуфтааст. Умар (разияллоҳу анҳу) худро баланд гирифт, то Паёмбар ӯро бубинад ва шояд барои гирифтани парчам садояш кунад, аз рӯи умедворӣ барои дарёфти он шараф. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб (разияллоҳу анҳу)-ро фарёд кард ва парчамро ба ӯ супурд. Сипас ӯро амр кард, ки бо лашкар ба пеш ҳаракат кунад ва пас аз дидани душман пас нагардад, на бо истироҳат, на бо таваққуф ва на бо сулҳ, то вақте ки Худо бо пирӯзӣ ва ғалаба фатҳи он қалъаҳоро барояш муяссар гардонад. Алӣ (разияллоҳу анҳу) ба роҳ афтод, сипас каме истод, вале ба қафо нанигарист, то амри Паёмбари Худоро (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) риоя карда бошад. Овозашро баланд кард ва гуфт: Эй Расули Аллоҳ, барои чӣ чизе бо онҳо биҷангам? Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Бо онҳо биҷанг то вақте ки гувоҳӣ диҳанд, ки маъбуди барҳаққе ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад расули Аллоҳ аст. Агар ба ин ҷавоб доданд ва ба Ислом даромаданд, хунашон ва молашон аз ту муҳофизат мешавад ва ба ту ҳаром мегардад, магар ба ҳаққи он, яъне агар ҷинояте содир кунанд, ки тибқи аҳкоми Ислом қатлашон воҷиб шавад. Ҳисобашон бар Аллоҳ Таъоло аст.فوائد الحديث
Саҳобагон фармондиҳиро намеписандиданд, зеро масъулияташ бузург аст.
Ҷоиз будани орзу ва тамаъ ба чизе, ки хайр будани он қатъӣ собит аст.
Роҳнамоии имом (раҳбар) ба фармондеҳи лашкар дар тарзи рафтор дар майдони ҷанг.
Саҳобагон васиятҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро ҷиддӣ иҷро ва дар анҷоми он шитоб мекарданд.
Агар касе, дар мавриди чизе, ки аз ӯ талаб карда шудааст, нафаҳмад, бояд бипурсад.
Аз далелҳои набувати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин аст, ки аз фатҳи Хайбар пешакӣ хабар дод ва ҳамон тавр ҳам шуд.
Тарғиб ва ташвиқ ба ҷуръат ва шитоб кардан барои иҷрои фармонҳои Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).
Ҳар касе, ки шаҳодатайнро гуфт, куштанаш ҷоиз нест, магар он ки чизе аз ӯ зоҳир шавад, ки қатлашро воҷиб гардонад.
Ҳукмҳои Ислом бар асоси амалҳои зоҳирии мардум ҷорӣ мешаванд ва сирри дилҳояшонро Худованд медонад.
Ҳадафи бузурги ҷиҳод, даромадани мардум ба Ислом аст.
