Аз даромадан ба назди занони бегона (бе маҳрам) бипарҳезед". Марде аз Ансор гуфт: Дар бораи "Ҳамв" (мардон аз хешони шавҳар) чӣ мефармоед? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва…

Аз даромадан ба назди занони бегона (бе маҳрам) бипарҳезед". Марде аз Ансор гуфт: Дар бораи "Ҳамв" (мардон аз хешони шавҳар) чӣ мефармоед? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Гуфт: "Ҳамв марг аст", (яъне, фитнаи хешовандони шавҳар бештар ва монанди марг аст)

Аз Уқба ибни Омир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аз даромадан ба назди занони бегона (бе маҳрам) бипарҳезед". Марде аз Ансор гуфт: Дар бораи "Ҳамв" (мардон аз хешони шавҳар) чӣ мефармоед? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Гуфт: "Ҳамв марг аст", (яъне, фитнаи хешовандони шавҳар бештар ва монанди марг аст).

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз омехташавӣ (ихтилот) бо занони бегона ва хилват бо онҳо ҳушдор доданд ва фармуданд, ки аз дохил шудан назди занони бегона ва ворид шудани занони бегона назди шумо, бипарҳезед. Марде аз Ансор пурсид: Эй Расули Худо! Назари шумо дар бораи "ҳамв" (мардон аз хешовандони шавҳар) чист? Яъне: хешутабори шавҳар, мисли, бародари шавҳар, писари бародар, амакаш, писари амакаш, писари хоҳараш ва монанди инҳо, ки агар ин зан шавҳар намедошт, метавонистанд бо ӯ издивоҷ кунанд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Аз хешовандони шавҳар (ҳамв) ҳазар кунед, ҳамон тавре ки аз марг метарсед ва ҳазар мекунед. Зеро хилват (якҷоя мондан дар танҳоӣ) бо наздикони шавҳар, (ба вижа бародар, писари амак, писари хола ва ғайра), сабаби фитна ва ҳалокат дар дин мешавад. Хешовандони шавҳар ба ҷуз падар ва падарбузург ва фарзандону набераҳои ӯ дар мамнуияти ихтилот ва парҳез аз он сазовортар аз бегонагон ҳастанд. Зеро хилват бо хешовандони шавҳар бештар аз бегонагон аст ва имконияти рух додани фитна аз ҷониби онҳо бештар аз бегонагон аст. Зеро дастрасии онон бо зан ва хилват кардан бо ӯ бидуни эътироз ва монеа сурат мегирад, чунки хилват ҳатман сурат мегирад ва имкон надорад, ки аз он дурӣ кунад. Зеро одати мардум ин аст, ки дар хилвати мард бо зани бародараш саҳлангорӣ мешавад. Бинобар ин аз назари қубҳ ва зиштӣ фасодаш монанд ба марг аст, бар хилофи марди бегона, ки нисбат ба ӯ эҳтиёти бештар мешавад.

فوائد الحديث

Наҳй кардани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз даромадан назди занҳои бегона ва хилват бо онҳо (яъне танҳо мондан бе ҳузури шахси сеюм), як тадбири шариат аст барои бастани роҳ ба фаҳшо (гуноҳи бузург).

Ин наҳй дар мавриди мардони номаҳрам, аз ҷумла бародар, амак, ё писари бародари шавҳар ва мардоне, ки барои он зан маҳрам набошанд, умумӣ аст. Агар вуруди он мард сабаби хилват (яъне, танҳо мондан бо зан) гардад, пас мамнуъ аст.

Дурӣ ҷустан аз ҷойҳое, ки эҳтимоли лағжиш ва гуноҳ аст, аз тарси афтодан дар бадӣ.

Нававӣ гуфтааст: Аҳли илми луғат иттифоқ намудаанд, ки "Аҳмо" (الأَحْمَاء) – хешовандони шавҳари зананд, мисли падар, амак, бародар, писари бародар, писари амак ва монанди инҳо. Аммо "Ахтон" (الأَخْتَان) – хешовандони зан барои шавҳар, яъне хешони ҳамсар мебошанд. Ва "Асҳор" (الأَصْهَار) – ба ҳар ду гурӯҳ гуфта мешавад; яъне ба хешовандони ҳамсар ва шавҳар.

Шабоҳати "Ҳамв" (хешовандони шавҳар, ки номаҳраманд) ба марг, тавре ки Ибн Ҳаҷар гуфтааст, аз он ҷиҳат аст, ки арабҳо ҳар чизеро, ки нохушоянд ва хатарнок бошад, ба "марг" ташбеҳ медиҳанд. Ваҷҳи ташбеҳ ин аст, ки агар гуноҳ рух диҳад, ин марги дин аст ва сабаби марги хилваткунанда аст, ҳар гоҳ гуноҳ рух диҳад ва сангсор шавад. Аммо ҳалокати зан бар асари ҷудоӣ аз шавҳараш аст, агар ғайраташ ӯро водор ба талоқи ҳамсараш кунад.

التصنيفات

Аҳкоми занон