إعدادات العرض
Ба дурустӣ, ки Худованд танҳо он амалеро мепазирад, ки холисона барои Ӯ анҷом дода шуда бошад ва бо он танҳо розигии Худованд талаб карда шуда бошад
Ба дурустӣ, ки Худованд танҳо он амалеро мепазирад, ки холисона барои Ӯ анҷом дода шуда бошад ва бо он танҳо розигии Худованд талаб карда шуда бошад
Аз Абуумомаи Боҳилӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Марде назди Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва гуфт: Агар марде барои мол ва шуҳрат ба ҷиҳод равад ва биҷангад, барои ӯ чӣ аст? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Барояш ҳеҷ чиз нест." Он мард ин саволро се маротиба такрор кард ва ҳар бор Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барояш ҳамон ҷавобро мегуфт: "Барояш ҳеҷ чиз нест." Баъд аз он Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ба дурустӣ, ки Худованд танҳо он амалеро мепазирад, ки холисона барои Ӯ анҷом дода шуда бошад ва бо он танҳо розигии Худованд талаб карда шуда бошад."
الترجمة
العربية অসমীয়া Indonesia Kiswahili Tagalog Tiếng Việt ગુજરાતી Nederlands සිංහල Hausa پښتو नेपाली اردو Кыргызча മലയാളം English Svenska Română Kurdî Bosanski فارسی తెలుగు ქართული Moore Српски Magyar Português Македонски Čeština Русский Українська Azərbaycan Malagasy Kinyarwanda Wolof ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ हिन्दी دری Türkçe አማርኛ বাংলা ភាសាខ្មែរ Lietuvių ಕನ್ನಡ Oromoo Deutsch Shqip 中文 தமிழ் မြန်မာالشرح
Марде назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад, то аз ӯ дар бораи марде, ки барои молу шуҳрат ва аҷру савоби Худованд ҷиҳод мекунад, бипурсад. Оё ӯ аҷру савоб мегирад? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: Ӯ ҳеҷ аҷру савобе дарёфт намекунад, зеро дар нияти худ ғайри Худоро шарик намудааст. Он мард се маротиба ин саволро аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид. Паёмбар ҳар бор ҳамон ҷавобро такрор ва таъкид намуданд, ки "барои ӯ аҷр нест." Баъд аз он Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) қоидаи қабули амал дар назди Худовандро гуфтанд, ки Худованд танҳо он амалро қабул мекунад, ки пурра барои Ӯ ва танҳо барои розигии Ӯ анҷом шудааст, бе шарик қарор додани касе ё чизе дигар дар он амал.فوائد الحديث
Худованд танҳо он амалро қабул мекунад, ки холисона барои Ӯ анҷом ёфта бошад ва бо роҳнамоии Паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мувофиқат кунад.
Яке аз хубии ҷавоби муфтӣ ин аст, ки фатвояш мақсади саволкунанда ва бештар аз онро бароварда созад.
Таъкиди аҳамияти масъала бо такрори пурсиш дар бораи он.
Муҷоҳиди ҳақиқӣ он касест, ки барои баланд бардоштани калимаи Аллоҳ ва ҷустуҷӯи подош ва савоби охират ҷиҳод кунад, бо нияти холис ва самимӣ, на барои ба даст овардани дунё.
التصنيفات
Фазоили амалҳои дил