إعدادات العرض
Аллоҳ гуфт: Ҳар амал (кор)-и фарзанди Одам барои худи ӯст, ҷуз рӯза, ки он барои Ман аст ва ман Худам подоши онро медиҳам
Аллоҳ гуфт: Ҳар амал (кор)-и фарзанди Одам барои худи ӯст, ҷуз рӯза, ки он барои Ман аст ва ман Худам подоши онро медиҳам
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аллоҳ гуфт: Ҳар амал (кор)-и фарзанди Одам барои худи ӯст, ҷуз рӯза, ки он барои Ман аст ва ман Худам подоши онро медиҳам. Рӯза сипар (дар баробари оташи дӯзах) аст. Ҳар гоҳ яке аз шумо рӯзадор бошад, набояд бадзабонӣ кунад ва фарёд бизанад. Агар касе ӯро дашном диҳад ё ҷанҷол кунад, бигӯяд: Ман рӯзадор ҳастам. Савганд ба Зоте, ки ҷони Муҳаммад дар дасти Ӯст, бӯӣ даҳони рӯзадор дар назди Аллоҳ аз бӯӣ мушк беҳтар аст. Барои рӯзадор ду хушнудӣ аст, ки дар он хушҳол мешавад: замоне ки ифтор мекунад, аз ифтораш хушҳол мешавад ва ҳангоме ки бо Парвардигораш мулоқот мекунад аз рӯзаи гирифтааш шодмон мешавад."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Kurdî Kiswahili Português සිංහල Русский Nederlands Tiếng Việt অসমীয়া پښتو ગુજરાતી Hausa Română മലയാളം नेपाली Deutsch Кыргызча తెలుగు ქართული Moore Magyar Svenska Македонски ಕನ್ನಡ አማርኛ Kinyarwanda Українська Wolof Oromoo ไทย Српски Lietuvių मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری Malagasy ភាសាខ្មែរ தமிழ் Shqip မြန်မာالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки Аллоҳ Таъоло дар ҳадиси қудсӣ мегӯяд: Ҳар амали фарзанди одам даҳ баробар то ҳафтсад баробар зиёд мешавад, ҷуз рӯза, зеро рӯза барои Ман аст ва дар он риё ва худнамоӣ нест. Ва Ман подоши онро медиҳам ва танҳо ман медонам, ки аҷру савоби он чи қадар аст ва чи қадар зиёд мешавад. Сипас гуфт: (Рӯза сипар аст), муҳофиз, паноҳгоҳ ва қалъаи мустаҳкаме аз оташи ҷаҳаннам аст, зеро рӯза монеи шаҳватҳо ва иртикоби гуноҳон мегардад, дар ҳоле ки оташ бо шаҳватҳо иҳота шудааст. (Ҳар гоҳ яке аз шумо рӯзадор бошад, фаҳшо нагӯяд), бо ҳамхобагӣ ва муқаддимоти он, инчунин сухани бад ва носазо нагӯяд. (Бо касе даргир ва ҷанҷол нашавад) бо дашном додан ва фарёд задан. (Агар касе дар моҳи Рамазон ӯро дашном диҳад ё ҷанг кунад), бигӯяд: Ман шахси рӯзадор ҳастам, шояд аз ӯ даст кашад. Агар бо вуҷуди ин барои ҷанҷол талош кунад, пас ӯро бо сабуктарин роҳ ва осонтарин роҳ боздорад, мисли дур кардани шахси ситамгар. Сипас Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Зоте, ки ҷони ӯ дар дасти Ӯст саганд ёд карданд, ки тағйир ёфтани бӯӣ даҳони рӯзадор ба сабаби рӯза, рӯзи қиёмат назди Худованд беҳтар аз бӯи мушке аст, ки назди шумо маъмул аст. Инчунин савобаш зиёдтар аз савоби он атру мушке аст, ки рӯзҳои ҷумъа истифода бурданаш барои шумо тавсия шудааст. Шахси рӯзадор ду шодӣ дорад: ҳангоме ки рӯзаашро мекушояд, шод мешавад, ба хотири аз миён рафтани гуруснагӣ ва ташнагӣ, зеро ба ӯ иҷозати ифтор кардан дода шудааст. Ҳамчунин барои пурра шудани рӯзааш ва поён ёфтани ибодаташ ва осон шудани ибодат аз ҷониби Парвардигораш, ки ӯро барои рӯза гирифтани рӯзи оянда ёрӣ дод. (Ҳангоме ки Парвардигорашро мулоқот кунад, аз рӯзаи гирифтааш шод мешавад), ба хотири подош ва аҷру савоби рӯзааш.فوائد الحديث
Фазилати рӯза он аст, ки соҳибашро дар ин дунё аз шаҳватҳо ва дар охират аз азоби дӯзах нигоҳ медорад.
Аз одоби рӯза, худдорӣ аз суханони бад, баҳсҳои бемаънӣ, сабр кардан бар озори мардум ва дар баробари бадрафтории онон бурдбор ва некрафтор будан, мебошад.
Агар шахси рӯзадор ё обид аз анҷом додани ибодаташ ва ба поён расондани он хурсанд шавад, аз аҷру савоби ухравии ӯ чизе кам намешавад.
Хурсандии комил, хурсандии дидори Аллоҳ Таъоло аст, ҳангоме ки сабркунандагон ва рӯзагирандагон аҷру савоби худро беҳисоб мегиранд.
Хабар додан ба мардум дар бораи ибодат ва риояи уҳдадориҳо дар ҳолати зарурат ва манфиат, нишонаи риё нест, чуноне, ки дар гуфтаи "Ман рӯзадор ҳастам" омадааст.
Рӯзадори комил он кас аст, ки аъзои баданаш аз гуноҳон, забонаш аз дурӯғ, фаҳшо, шаҳодати бардурӯғ ва шикамаш аз хӯрокӣ ва нӯшокӣ рӯзадор бошад.
Таъкид бар манъи садоҳои баланд, ҷанҷол ва фарёд задан дар вақти рӯза аст. Инчунин касе, ки рӯза намегирад, бояд аз ин амалҳо парҳез кунад.
Ин ҳадис, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз Парвардигораш ривоят мекунад, ҳадиси қудсӣ ё ҳадиси илоҳӣ номида мешавад. Лафз ва маънои он аз ҷониби Аллоҳ аст, аммо вижагиҳое, ки хосси Қуръон аст дар он нест, ба монанд: ибодат будани хондани он, таҳорат кардан барои хондани он, ба чолиш кашидани мардум, ки агар метавонанд ҳаммонанди як ояти онро биёранд ва муъҷиза будани он ва ғайра.
التصنيفات
Фазилати рӯза