Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар даҳаи охири моҳи Рамазон барои ибодат чунон кӯшиш ва ҷидду ҷаҳд мекарданд, ки дар ғайри он чунин кӯшише намекарданд

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар даҳаи охири моҳи Рамазон барои ибодат чунон кӯшиш ва ҷидду ҷаҳд мекарданд, ки дар ғайри он чунин кӯшише намекарданд

Аз Оиша Модари муъминон (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар даҳаи охири моҳи Рамазон барои ибодат чунон кӯшиш ва ҷидду ҷаҳд мекарданд, ки дар ғайри он чунин кӯшише намекарданд.

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақте ки даҳаи охири моҳи Рамазон фаро мерасид, дар ибодат ва тоат бисёр ҷидду ҷаҳд мекарданд ва дар анҷом додани корҳои хайр ва навъҳои гуногуни ибодат бештар аз ҳар вақти дигар кӯшиш менамуданд. Ин ҳама барои бузургӣ ва фазилати ин шабҳо ва ҷустуҷӯи шаби қадр буд.

فوائد الحديث

Ташвиқ ба анҷоми амалҳои нек ва ибодатҳои гуногун дар моҳи Рамазон умуман ва махсусан дар даҳ рӯзи охири он.

Даҳ рӯзи охири Рамазон аз шаби бисту якум оғоз мешавад то поёни моҳ.

Ғанимат шумурдани рӯзҳои арзишманд бо анҷом додани ибодатҳо мустаҳаб аст.

التصنيفات

Даҳаи охири рамазон