Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсидам: Кадом гуноҳ дар назди Аллоҳ бузургтар аст? Гуфт: "Ин ки барои Аллоҳ ҳамтое қарор диҳӣ, дар ҳоле ки Ӯ туро офаридааст

Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсидам: Кадом гуноҳ дар назди Аллоҳ бузургтар аст? Гуфт: "Ин ки барои Аллоҳ ҳамтое қарор диҳӣ, дар ҳоле ки Ӯ туро офаридааст

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсидам: Кадом гуноҳ дар назди Аллоҳ бузургтар аст? Гуфт: "Ин ки барои Аллоҳ ҳамтое қарор диҳӣ, дар ҳоле ки Ӯ туро офаридааст". Гуфтам ин (қатъан) гуноҳи бузург аст, баъд аз он кадом гуноҳ? Гуфт: "Ва ин ки писаратро бикушӣ, аз тарси он ки бо ту хӯрок бихӯрад." Гуфтам: Сипас чӣ? Гуфт: "Ин ки бо зани ҳамсояат зино бикунӣ."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз бузургтарин гуноҳон пурсида шуд. Чунин фармуданд: Бузургтарини онҳо ширки бузург аст, ки он барои Аллоҳ дар улуҳият ё рубубият ё номҳо ва сифатҳояш, ба Ӯ монанд ё назир ё шарик қарор диҳӣ. Ва ин гуноҳе аст, ки Аллоҳ Таъоло онро намебахшад, магар ин ки соҳибаш тавба кунад ва агар соҳибаш бар он гуноҳ бимирад ҷовидона дар оташи дӯзах мемонад. Баъд аз он ин аст, ки шахс аз тарси он ки фарзандаш бо ӯ таом бихӯрад (аз тарси фақру камбағалӣ) ӯро бикушад. Ҳол он ки қатли нафс ҳаром аст, аммо гуноҳаш вақте бузургтар аст, ки мақтул бо қотил хешовандӣ дошта бошад. Инчунин гуноҳаш вақте бештар мешавад, ки мақсади қотил, тарс аз ин бошад, ки мақтул дар ризқу рӯзии Аллоҳ бо ӯ шарик шавад. Сипас ин ки мард бо ҳамсари ҳамсояаш зино кунад, ба ин шакл, ки ҳамсари ҳамсояашро фиреб кунад, то бо ӯ зино кунад ва зан ба ӯ итоат кунад. Зино ҳаром аст, вале гуноҳи он бузургтар мешавад вақте ки мард бо ҳамсари ҳамсояаш зино кунад, дар ҳоле ки шариат ба некӯкорӣ ва эҳсон дар ҳаққи ҳамсоя тавсия кардааст.

فوائد الحديث

Гуноҳҳо аз ҷиҳати бузургӣ гуногунанд, ҳамон гуна ки амалҳои нек аз рӯи савоб гуногунанд.

Бузургтарини гуноҳон: Ширк овардан ба Аллоҳ Таъоло аст, сипас куштани фарзанд аз тарси бо ту таом хӯрданаш, сипас зино кардан бо ҳамсари ҳамсоя.

Ризқу рӯзӣ дар дасти Аллоҳ аст. Аллоҳ Таъоло ризқу рӯзии махлуқотро ба уҳда гирифтааст.

Бузургии ҳаққи ҳамсоя ва гуноҳи озор додан ба ӯ бузургтар аз гуноҳи озор додан ба дигарон аст.

Танҳо Офаридгор сазовори парастиш аст ва шарике надорад.

التصنيفات

Тавҳиди рубубият