Ҳеҷ яке аз шумо дар як либос намоз нагузорад, дар ҳоле ки бар ду китфаш чизе нест

Ҳеҷ яке аз шумо дар як либос намоз нагузорад, дар ҳоле ки бар ду китфаш чизе нест

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳеҷ яке аз шумо дар як либос намоз нагузорад, дар ҳоле ки бар ду китфаш чизе нест."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) касеро, ки бо як либос намоз мегузорад, аз он манъ кардааст, ки китфонашро пурра бараҳна кунад, яъне байни китф ва гарданро бепӯшиш гузорад ба тавре ки бар онҳо чизе набошад. Зеро гарчанде, ки ду китф аврат нестанд, пӯшондани онҳо ба пӯшондани аврат кумак мекунад ва ин ҳангоми истодан дар намоз ба эҳтиром ва бузургдории Аллоҳ Таъоло наздиктар аст.

فوائد الحديث

Ҷоиз будани намоз дар як либос, агар он чизеро, ки пӯшонданаш воҷиб аст, бипӯшонад.

Ҷоиз будани намоз дар ду либос: яке қисми болоии баданро мепӯшонад ва дигари қисми поёниро.

Мустаҳаб будани ин ки мазҳари намозгузор зебо ва некӯ бошад.

Воҷиб будани пӯшонидани ду китф ё яке аз онҳо дар намоз, агар ин имкон дошта бошад. Ва гуфта шудааст, ки ин наҳй барои кароҳати танзиҳӣ (яъне беҳтар аст тарк шавад) аст.

Камбуди молу сарват дар дасти саҳобаҳо (разияллоҳу анҳум), то ҷое, ки баъзеи онҳо ду либос ҳам надоштанд.

Нававӣ дар маънои ҳадис гуфтааст: Ҳикмати он ин аст, ки агар шахс як либосро ҳамчун изор бипӯшад ва чизе аз он бар китфонаш набошад, эҳтимоли ин вуҷуд дорад, ки авраташ намоён шавад. Аммо агар қисми онро бар китфонаш гузорад, ин хавф аз байн меравад. Ҳамчунин мумкин аст ба нигоҳ доштани либос бо як ё ду даст ниёз афтад, ки ӯро машғул месозад ва суннати гузоштани дасти рост бар дасти чап зери сина ва ҷойҳое, ки боло бурдани даст муҷоз шудааст ва монанди инҳо, аз даст меравад. Илова бар ин, дар ин ҳолат қисми болоии бадан ва ҷои зиннат пӯшида намешавад, дар ҳоле ки Аллоҳ Таъоло фармудааст: (ҳангоми рафтан ба масҷид [ва дар ҳар намозе] зинати худро баргиред [ва либоси шоиста бипӯшед] ) (Сураи Аъроф, ояти 31).

التصنيفات

Шартҳои намоз