Ҳар кас дар охири ҳар намози фарз "Оятул-курсӣ"-ро бихонад, ба ҷуз маргаш чизе аз дохил шуданаш ба биҳишт монеъ намешавад

Ҳар кас дар охири ҳар намози фарз "Оятул-курсӣ"-ро бихонад, ба ҷуз маргаш чизе аз дохил шуданаш ба биҳишт монеъ намешавад

Аз Абу Умома (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар кас дар охири ҳар намози фарз "Оятул-курсӣ"-ро бихонад, ба ҷуз маргаш чизе аз дохил шуданаш ба биҳишт монеъ намешавад."

[Саҳеҳ] [رواه النسائي في الكبرى]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд, ки ҳар ки баъд аз анҷоми намози фарз Оятулкурсиро бихонад, ба ҷуз марг чизе аз вуруди ӯ ба биҳишт монеъ намешавад. Оятулкурсӣ дар сураи Бақара аст, Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Аллоҳ Таъоло [маъбуди ростин аст] ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест; зиндаи поянда [ва қоим ба зот] аст; на хоби сабук [ғанаб, пинак] Ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин; он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Кист, ки дар назди Ӯ ҷуз ба фармонаш шафоат кунад?! Гузашта ва ояндаи эшон [бандагон]-ро медонад ва [онон] ба чизе аз илми Ӯ иҳота [ва огоҳӣ] намеёбанд, магар он чи худ бихоҳад. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро дар бар гирифтааст ва нигаҳ доштани онҳо бар Ӯ [сангину] душвор нест ва Ӯ баландмартаба [ва] бузург аст). (Сураи Бақара, ояти 255)

فوائد الحديث

Фазилати ин ояти бузург, зеро номҳои зебои илоҳӣ ва сифатҳои волоро дар худ дорад.

Баъд аз ҳар намози фарз хондани ин ояти бузург мустаҳаб аст.

Амалҳои нек сабаби ворид шудан ба биҳишт аст.

التصنيفات

Зикрҳои намоз