إعدادات العرض
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ду ракъати суннати бомдод сураи (Қул ё айюҳал кофирун) ва сураи (Қул ҳуваллоҳу аҳад)-ро мехонд
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ду ракъати суннати бомдод сураи (Қул ё айюҳал кофирун) ва сураи (Қул ҳуваллоҳу аҳад)-ро мехонд
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ду ракъати суннати бомдод сураи (Қул ё айюҳал кофирун) ва сураи (Қул ҳуваллоҳу аҳад)-ро мехонд.
[Саҳеҳ] [رواه مسلم]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Türkçe اردو हिन्दी Tagalog 中文 Kurdî Português Русский Nederlands অসমীয়া ગુજરાતી Tiếng Việt Kiswahili پښتو සිංහල Hausa മലയാളം नेपाली Magyar ქართული తెలుగు Македонски Svenska Moore Română ไทย Українська मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Wolof ភាសាខ្មែរ ಕನ್ನಡ Malagasy Kinyarwanda Српски Shqip தமிழ் မြန်မာ Oromoo Deutschالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дӯст медошт, ки дар ду ракъати суннати бомдод пас аз Фотиҳа, дар ракъати аввал сураи (Қул ё айюҳал кофирун) (Кофирун) ва дар ракъати дувум сураи (Қул ҳуваллоҳу аҳад) (Ихлос) - бихонад.فوائد الحديث
Дар суннати намози бомдод пас аз сураи Фотиҳа ин ду сураро хондан мустаҳаб аст.
Ин ду сураро сураҳои Ихлос низ мегӯянд, зеро дар сураи Кофирун безорӣ аз ҳама чизе зикр шудааст, ки мушрикон ғайр аз Аллоҳ мепарастанд. Ва ин ки онҳо бандагони ростини Аллоҳ нестанд, зеро ширк амалҳояшонро ботил мекунад, ва ин ки танҳо Аллоҳ сазовори ибодат аст. Ва дар сураи Ихлос тавҳиди Аллоҳ, ихлос барои Ӯ ва баёни сифати Ӯ оварда шудааст.
التصنيفات
Равиш ва сифати намоз