Касе, ки ду духтарро сарпарастӣ кунад, то ин ки ба синни балоғат бирасанд, рӯзи қиёмат дар ҳоле меояд, ки ман ва ӯ монанди ин ду хоҳем буд". Ва ангуштонашро бо ҳам…

Касе, ки ду духтарро сарпарастӣ кунад, то ин ки ба синни балоғат бирасанд, рӯзи қиёмат дар ҳоле меояд, ки ман ва ӯ монанди ин ду хоҳем буд". Ва ангуштонашро бо ҳам часпонд

Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Касе, ки ду духтарро сарпарастӣ кунад, то ин ки ба синни балоғат бирасанд, рӯзи қиёмат дар ҳоле меояд, ки ман ва ӯ монанди ин ду хоҳем буд". Ва ангуштонашро бо ҳам часпонд.

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки касе, ки ба ӯ ду духтар ё хоҳар дода шуда бошад ва ӯ дар таъминот, тарбият, раҳнамоӣ ба хайр ва ҳушдор аз шар барои онҳо кӯшиш кунад, то онҳо калон шаванд ва ба балоғат бирасанд, рӯзи қиёмат ӯ ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) монанди ду ангушт дар паҳлуи ҳам хоҳанд буд. Паёмбар ҳангоми гуфтани ин сухан ангушти ишора ва миёнаи худро ба ҳам часпонид. (Яъне, ба монанди ин ду ангушт ба ҳам наздик хоҳанд буд.)

فوائد الحديث

Савоби бузург барои касе, ки духтарон ва ҳамчунин хоҳаронашро сарпарастӣ намуда, ононро то замони издивоҷ ё синни балоғат тарбият кунад.

Савоби нигоҳубин ва таъминоти духтарон бузургтар аз савоби нигоҳубин ва таъминоти писарон аст, зеро барои нигоҳубин ва таъминоти писарон чунин савоб зикр нашудааст. Савоби бештар доштани нигоҳубин ва ғамхории духтарон нисбат ба писарон ба он хотир аст, ки духтарон аврат ва пӯшида ҳастанд ва худашон ба мисли писарон мустақилона амал намекунанд. Ҳамчунин, писарон барои падар имконияти истифода аз қудрат бар душман ва эҳёи ному насаби ӯро медиҳанд. Чизҳое, ки ба мард марбут ҳастанд, ки духтарон ин хосиятро надоранд. Аз ин рӯ, дар таъмин ва тарбияти духтарон зиёдтар ба сабр ва ихлосу самимият ниёз дорад ва ҳар касе нафақаи ононро ба уҳда мегирад, бояд нияташ нек бошад. Бинобар ин савобаш бештар аст ва дар рӯзи қиёмат бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) наздик хоҳад буд.

Аломатҳои ба балоғат расидани зан: понздаҳсола шудан, ё ҳайз дидани ӯ пеш аз понздаҳсолагӣ, ё рӯидани мӯйи ғафси хашин дар атрофи шармгоҳ, ё эҳтилом, ки он баромадани оби манӣ дар ҳолати хоб аст.

Қуртубӣ мегӯяд: Балоғат маънояш расидан ба ҳолати мустақилона будани онҳо мебошад. Ин дар занон вақте аст, ки ба шавҳар бароянд. Пас манзур аз болиғ шудани зан ин нест, ки ҳайз шавад ва мукаллаф шавад, чун мумкин аст, ки пеш аз он издивоҷ кунад ва дигар ниёзе ба валӣ (кафил) надошта бошад ва шавҳар ҳама масъулиятҳои кафилро ба ҷой орад. Ҳамчунин имкон дорад, ки ҳайз шавад, вале дар баровардани эҳтиёҷоташ мустақил набошад ва бояд нигоҳдорӣ шавад, агар раҳо карда шавад, шояд зоеъ шавад ва аҳволаш бад шавад. Балки дар ин ҳолат шояд ӯ бештар ба сарпарастӣ ва нигоҳубин ниёз дорад, то ин ки ӯ ба хубӣ нигоҳдорӣ шавад ва ба шавҳар дода шавад. Бинобар ин олимони мо гуфтаанд, ки масъулияти падар дар нафақа ва тарбияти духтар бо ба балоғат расидани ӯ ба поён намерасад, балки вақте ба поён мерасад, ки духтар ба шавҳар дода шавад.

التصنيفات

Фазоили амалҳои нек