إعدادات العرض
ва савганд ба Аллоҳ, ки агар Худованд ба василаат як мардро ҳидоят кунад, бароят аз шутурҳои сурх беҳтар аст." (шутури сурхмуй аз боарзиштарин молу матоъи арабҳо буд)
ва савганд ба Аллоҳ, ки агар Худованд ба василаат як мардро ҳидоят кунад, бароят аз шутурҳои сурх беҳтар аст." (шутури сурхмуй аз боарзиштарин молу матоъи арабҳо буд)
Аз Саҳл ибни Саъд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯзи (ғазваи) Хайбар фармуданд: "Фардо ин парчамро ба дасти марде медиҳам, ки Худованд ба дастҳои ӯ фатҳ меоварад. Худо ва расулашро дӯст медорад ва Худову расулаш ҳам ӯро дӯст медоранд." Гуфт: Мардум шабашонро бо ин суҳбат сипарӣ карданд, ки ба кадомашон дода хоҳад шуд. Чун (шабро) субҳ карданд, назди Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омаданд, дар ҳоле ки ҳар якашон умед дошт, то парчам ба ӯ дода шавад. Фармуд: "Алӣ ибни Абутолиб куҷост?" Гуфта шуд: Эй Расули Аллоҳ, чашмони ӯ дард мекунад. Фармуд: "Дунболаш кас бифиристед." Ӯро оварданд. Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) оби даҳонашро ба чашмонаш молида, дар ҳаққаш дуо кард ва чунон сиҳат ёфт, ки гӯё аслан дарде надошт ва парчамро ба ӯ дод. Алӣ (разияллоҳу анҳу) гуфт: Эй Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо онҳо биҷангам, то мисли мо бошанд. Фармуданд: "Ба роҳат идома деҳ, то ба минтақаашон фуруд ойӣ ва баъд онҳоро ба Ислом даъват кун ва хабар деҳ ононро ба ҳуқуқе, ки Худованд бар онҳо дар ин маврид лозим сохта ва савганд ба Аллоҳ, ки агар Худованд ба василаат як мардро ҳидоят кунад, бароят аз шутурҳои сурх беҳтар аст." (шутури сурхмуй аз боарзиштарин молу матоъи арабҳо буд).
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Kurdî Kiswahili Português සිංහල Русский دری অসমীয়া Tiếng Việt Svenska Кыргызча Yorùbá ગુજરાતી नेपाली മലയാളം Română Nederlands Soomaali پښتو తెలుగు Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Српски Moore ქართული Čeština Magyar Українська Македонски Lietuvių Azərbaycan Wolof አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย Deutsch मराठी ਪੰਜਾਬੀ ភាសាខ្មែរ Shqip தமிழ் မြန်မာ O‘zbek Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба саҳобагон хабар дод, ки фардо мусалмонон бар яҳудиёни Хайбар пирӯз хоҳанд шуд. Ва ин пирӯзӣ ба дасти марде рух хоҳад дод, ки байрақро ба дасташ медиҳад ва манзур аз байрақ, парчаме аст, ки лашкар ба унвони нишонаи худ қарор медиҳад. Ва аз хислатҳои он мард ин аст, ки Аллоҳ ва расулашро дӯст медорад ва Аллоҳ ва расулаш низ ӯро дӯст медоранд. Саҳоба он шабро дар ҳоли суҳбат ва андешидан дар бораи ин ба субҳ расониданд, ки парчам ба кӣ дода хоҳад шуд? Зеро ҳама шавқи ба даст овардани ин шарафи бузургро доштанд. Ҳамин ки саҳар шуд ҳама ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рафтанд, дар ҳоле ки ҳар кадоме умед дошт, ки ба ин шараф ноил гардад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз Алӣ ибни Абутолиб (разияллоҳу анҳу) пурсид, ки куҷо аст? Гуфтанд: Ӯ бемор аст, аз чашмонаш шикоят мекунад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) касеро ба наздаш фиристод, ки ӯро биёварад. Пас оби даҳони муборакашро бар чашмони Алӣ кашид ва барояш дуо кард. Алӣ чунон шифо ёфт, ки гӯё ҳеҷ беморие надошт. Пас парчамро ба ӯ дод ва амраш кард, ки ба оромӣ ба пеш равад, то ба қалъаи душман бирасад ва ворид шудан ба Исломро бар онон пешниҳод кунад, пас агар пазируфтанд, фароизе, ки бар уҳдаашон аст ба онон бирасонад. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фазилати даъват ба сӯи Аллоҳро барои Алӣ баён кард. Ва баён кард, ки даъваткунанда агар сабаби ҳидояти танҳо як шахс шавад, ин барои ӯ беҳтар аз шутурҳои сурхе аст, ки гаронбаҳотарин сарватҳои араб буданд, ки метавонад соҳиби он шавад ё садақааш кунад.فوائد الحديث
Фазилати Алӣ ибни Абутолиб (разияллоҳу анҳу) ва шаҳодати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ, ки Аллоҳ ва паёмбарашро дӯст медорад ва Аллоҳу паёмбараш ӯро дӯст медоранд.
Таваҷҷуҳи шадиди саҳоба ба амалҳои хайр ва мусобиқа кардани онон ба сӯи ҳар кори хайр.
Машруъияти одоб ҳангоми ҷанг ва канорагирӣ аз беэҳтиётӣ аз садоҳои озордиҳандае, ки ниёзе ба он нест.
Аз далелҳои нубуввати ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабари пирӯзӣ бар яҳудиён ва шифо ёфтани чашмони Алӣ ибни Абутолиб ба дасти ӯ - ба изни Аллоҳ- буд.
Бузургтарин ҳадафи ҷиҳод ин аст, ки мардум ба Ислом дароянд.
Даъват тадриҷан сурат мегирад, бинобар ин нахуст кофир бо хондани ду шаҳодат ба Ислом пазируфта мешавад, баъд аз он ба иҷрои фарзҳои Ислом амр карда мешавад.
Фазилати даъват ба Ислом ва хайре, ки ба даъватшуда ва даъваткунанда меорад, шояд даъватшавандаро ҳидоят кунад ва ба даъваткунанда савоби бузурге диҳад.
