إعدادات العرض
Ҳеҷ яке аз шумо намирад, магар он ки нисбати Худованд гумони хуб дошта бошад
Ҳеҷ яке аз шумо намирад, магар он ки нисбати Худованд гумони хуб дошта бошад
Аз Ҷобир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки пеш аз вафоташон се чизро баён карданд: "Ҳеҷ яке аз шумо намирад, магар он ки нисбати Худованд гумони хуб дошта бошад".
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt සිංහල Hausa Kurdî Kiswahili Português தமிழ் Nederlands অসমীয়া ગુજરાતી پښتو മലയാളം नेपाली ქართული Magyar తెలుగు Македонски Svenska Moore Română Українська ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Wolof ភាសាខ្មែរ ಕನ್ನಡ Yorùbá Српски Malagasy Kinyarwanda Shqip မြန်မာ Oromoo Lietuvių Deutschالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ташвиқ намудааст, ки мусалмон намирад, магар ин ки ба Аллоҳ бо умеди бахшиш ва раҳмати Ӯ гумони нек дошта бошад. Зеро тарс барои беҳтар кардани амал лозим аст, аммо ҳолати марг вақти анҷом додани кор нест, балки дар чунин ҳолат бояд умед ба Аллоҳ Таъоло бештар бошад.فوائد الحديث
Таваҷҷуҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар роҳнамои ва ғамхорию меҳрубонии умматаш дар ҳама ҳолатҳо, ҳатто дар бистари марг ҳам уммати худро насиҳат намуда онҳоро ба роҳҳои наҷот раҳнамоӣ мекард.
Тайбӣ гуфтааст: Акнун амалҳои худро хуб анҷом диҳед, то ҳангоми марг нисбат ба Худованд гумони хуб дошта бошед, зеро касе, ки пеш аз марг амалаш бад аст, ҳангоми марг низ ба Худованд гумони бад хоҳад дошт.
Комилтарин ҳолат барои банда он аст, ки умеду тарс мутаносиб ва муътадил бошад ва муҳаббат бар онҳо ғолиб гардад. Зеро муҳаббат василаи сафар аст, умед тезбину тезрон ва тарс ронанда аст, ва Худованд бо фазлу карамаш бандаро мерасонад.
Шахсе назди беморе меравад, ки дар бистари марг қарор дорад, бояд масъалаи умед ва гумони нек ба Худоро дар ӯ бештар гардонад. Зеро дар ҳадисе, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро се рӯз пеш аз маргаш гуфтааст, чунин омадааст.
التصنيفات
Амалҳои дил