Аллоҳ (Азза ва Ҷалла) дасти Худро дар шаб боз мекунад, то гунаҳкори рӯз тавба кунад ва рӯзона дасти Худро боз мекунад, то гунаҳкори шаб тавба кунад, то ин ки офтоб аз…

Аллоҳ (Азза ва Ҷалла) дасти Худро дар шаб боз мекунад, то гунаҳкори рӯз тавба кунад ва рӯзона дасти Худро боз мекунад, то гунаҳкори шаб тавба кунад, то ин ки офтоб аз мағриб тулуъ кунад

Аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аллоҳ (Азза ва Ҷалла) дасти Худро дар шаб боз мекунад, то гунаҳкори рӯз тавба кунад ва рӯзона дасти Худро боз мекунад, то гунаҳкори шаб тавба кунад, то ин ки офтоб аз мағриб тулуъ кунад."

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар додаанд, ки Аллоҳ Таъоло тавбаро аз бандагонаш қабул мекунад. Пас агар банда дар рӯз гуноҳе кунад ва дар шаб тавба кунад, Аллоҳ Таъоло тавбаи ӯро қабул мекунад. Ва агар шаб гуноҳ кунад ва рӯзона тавба кунад, Аллоҳ Таъоло тавбаашро қабул мекунад. Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дасти Худро аз рӯйи хушнудӣ барои тавбаи банда ва қабули он боз мекунад. Ва дари тавба ҳамчунон боз аст, то ин ки офтоб аз мағриб тулуъ кунад, ки он нишонаи поёни дунё аст. Ва чун офтоб аз мағриб тулуъ кард, дари тавба ҳам баста мешавад.

فوائد الحديث

Қабули тавба то замоне идома дорад, ки дари он боз аст. Ва дари тавба бо тулуи офтоб аз мағриб баста мешавад. Ва ин ки инсон бояд пеш аз ғарғараи марг, ки расидани руҳ ба гулӯ аст, тавба кунад.

Ноумед ва маъюс нашудан ба сабаби иртикоби гуноҳ, зеро омурзиш ва раҳмати Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло васеъ аст ва дари тавба боз аст.

Шартҳои тавба: Якум: тарки гуноҳ. Дуюм: пушаймон шудан аз содир кардани он. Сеюм: тасмим гирифтан, ки ҳаргиз ба он барнагардад. Ин агар гуноҳ дар ҳуқуқи Аллоҳи Мутаъол бошад. Аммо агар гуноҳ дар бораи ҳуқуқи бандагон бошад, пас барои дурустии тавба шарт аст, ки он ҳақ ба соҳибаш баргардонда шавад, ё соҳиби он ҳақ аз он бигзарад.

التصنيفات

Тавба