إعدادات العرض
Мо бо Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саҳарихурӣ кардем, сипас ӯ барои намоз бархостанд. Ман гуфтам: Байни азон ва саҳарихурӣ чӣ қадар фосила буд? Фармуд:…
Мо бо Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саҳарихурӣ кардем, сипас ӯ барои намоз бархостанд. Ман гуфтам: Байни азон ва саҳарихурӣ чӣ қадар фосила буд? Фармуд: Ба андозаи хондани панҷоҳ оят
Аз Зайд ибни Собит (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Мо бо Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саҳарихурӣ кардем, сипас ӯ барои намоз бархостанд. Ман гуфтам: Байни азон ва саҳарихурӣ чӣ қадар фосила буд? Фармуд: Ба андозаи хондани панҷоҳ оят.
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt සිංහල Hausa Português Kurdî Русский Kiswahili অসমীয়া ગુજરાતી Nederlands മലയാളം Română Magyar ქართული Moore ಕನ್ನಡ Svenska Oromoo Македонски ไทย Українська తెలుగు پښتو मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Malagasy ភាសាខ្មែរ Wolof नेपाली Shqip Српски မြန်မာ தமிழ் Deutschالشرح
Баъзе аз саҳобагон (разияллоҳу анҳум) ҳамроҳи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саҳарихурӣ карданд, баъд аз он Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои намози бомдод бархостанд. Анс ба Зайд ибни Собит (разияллоҳу анҳу) гуфт: Миқдори вақт байни азон ва поёни саҳарихурӣ чӣ қадар буд? Зайд (разияллоҳу анҳу) гуфт: Ба андозаи хондани панҷоҳ ояти миёна, на дароз, на кӯтоҳ, на хондани бошитоб ва на оҳиста.فوائد الحديث
Бартарии ба таъхир андохтани саҳарихурӣ то каме пеш аз бомдод, зеро ҳаргоҳ онро ба таъхир андозад фоидаи он ба баданаш ва манфиати он дар давоми рӯз барояш бештар хоҳад буд.
Таваҷҷуҳи саҳобагон ба ҳамнишини бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), то аз он ҳазрат таълим бигиранд.
Хушрафтории Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо саҳобагонаш, аз онҷо ки бо онон якҷо таом мехӯрданд.
Вақти даст кашидан аз хӯрдану ошомидан аз шуруи тулуӣ фаҷр аст.
Ибораи "фосила байни азон ва саҳарихурӣ чӣ қадар буд", маънояш, фосила байни саҳарихурӣ ва иқомати намоз аст. Чун дар ҳадиси дигар омадааст: "Миёни фориғ шудан аз саҳарихурӣ ва ворид шудан ба намозашон чи қадар буд?". Ва ҳадисҳо якдигарро тафсир мекунанд.
Муҳаллаб гуфтааст: Дар ин ҷо андозагирии вақт бо корҳои ҷисмонӣ шудааст. Арабҳо вақтҳоро бо корҳои амалӣ тахмин мезаданд, масалан: «ба андозаи шир дӯшидани як гусфанд» ё «ба андозаи куштани як шутур». Зайд ибни Собит (разияллоҳу анҳу) инро ба андозагирии хондан иваз кард; ин ишора ба он аст, ки он вақт вақти ибодат бо қироат буд, ва агар онҳо вақтро бо кори дигар ҳисоб мекарданд, масалан, «ба андозаи як дараҷа ё сеяк ё панҷяки як соат» меномиданд.
Ибни Абуҷамра гуфтааст: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) он чи ки барои умматаш осонтар буд анҷом медод, зеро агар ӯ саҳарихурӣ намекард, мардум аз ӯ пайравӣ мекарданд ва барои баъзе аз онҳо душвор мешуд. Агар ӯ дар нимашаб суҳур мекард, инчунин барои баъзеҳо душвор мешуд, зеро хоб бар онҳо ғалаба мекард ва шояд сабаби тарки намози бомдод мешуд, ё ниёз ба ин мешуд, ки ба сахтӣ бедор бимонад, то намози бомдодро қазо накунад.
التصنيفات
Суннатҳои рӯза