إعدادات العرض
Бахил касест, ки номи ман назди ӯ зикр шавад ва бар ман дуруд нафиристад
Бахил касест, ки номи ман назди ӯ зикр шавад ва бар ман дуруд нафиристад
Аз Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Бахил касест, ки номи ман назди ӯ зикр шавад ва бар ман дуруд нафиристад."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Kurdî Português සිංහල Nederlands অসমীয়া Tiếng Việt Kiswahili ગુજરાતી پښتو Română മലയാളം Deutsch नेपाली Кыргызча ქართული Moore Magyar తెలుగు Svenska ಕನ್ನಡ Українська Македонски Kinyarwanda Oromoo ไทย Српски मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Malagasy Wolof ភាសាខ្មែរ Lietuvių தமிழ் Shqip မြန်မာ Русскийالشرح
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз тарки дуруд (салавот) фиристодан бар ӯ дар ҳолате, ки номи муборак, куния, ё зикри ӯ шунида шавад ҳушдор доданд. Фармудаанд: Бахил касест, ки ман назди ӯ ёд шавам ва бар ман дуруд нафиристад. Бинобар умури зерин: Аввал: Бахилӣ (хасисӣ) дар чизест, ки на камтарин зиёнеро меорад, на талафи моле дорад ва на ягон кӯшиши ҷисмонӣ мехоҳад (яъне, салавот фиристодан ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)). Дуюм: Ӯ ба худ бахилӣ карда ва худро аз аҷри дуруд фиристодан бар Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) маҳрум сохтааст, зеро бо тарки салавот, аз иҷрои ҳаққе, ки бояд анҷом диҳад, худдорӣ кард, ки Худо амр кардааст ва дар он аҷру савоб ҳаст. Сеюм: Салавот фиристодан ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) адои бархе аз ҳуқуқи ӯст, зеро ӯ моро таълим додааст, роҳнамоӣ кардааст ва моро ба сӯи Худо даъват кардааст. Ӯ барои мо ваҳй ва шариатро овардааст ва пас аз Худованд ӯ сабаби ҳидоят ёфтани мо аст. Касе, ки бар ӯ салавот намефиристад, ба худ ва ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бахилӣ кардааст. Чунин шахс нисбат ба Паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи ҳаққе бахилӣ кардааст, ки аз камтарин ҳуқуқи ӯ аст.فوائد الحديث
Тарки салавот бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нишонаи бахилӣ аст.
Салавот фиристодан бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) яке аз беҳтарин тоатҳо ва ибодатҳо дар ҳама вақтҳо аст ва ҳангоми зикр кардани номашон бештар таъкид мешавад.
Нававӣ гуфтааст: Ҳангоме ки бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) салавот мефиристад, бояд дуруд ва саломро бо ҳам бигӯяд ва ба яке аз онҳо иктифо накунад. Яъне, (саллаллоҳу алайҳи) ё (алайҳис-салом) нагӯяд (Балки бигӯяд: Саллаллоҳу алайҳи ва саллам).
Абулъолия дар тафсири ин оят: (إن الله وملائكته يصلون على النبي) гуфтааст: Дуруди Худованд бар Паёмбараш, сано ва ситоиш бар ӯст ва салоти фариштагон ва инсонҳо дуо кардан барои ӯ мебошад.
Ҳалимӣ гуфт: Маънои дуои (Аллоҳумма салли ъало Муҳаммадин) ин аст, ки Худоё ӯро дар дунё бо баланд бардоштани ёдаш, ошкор кардани динаш ва боқи мондани шариаташ бузург созад. Дар охират бо шафоаташ барои умматаш, подош ва савоби фаровон ва ошкор кардани бартарияти ӯ барои пешиниён ва ояндагон дар мақоми маҳмуд ва муқаддам доштани ӯ бар ҳама муқаррабони ҳозир бузург бидор.
التصنيفات
Зикрҳо дар бораи пешомадҳо