إعدادات العرض
Дар мавриди Ислом ба ман сухане бигӯ, ки ҷуз ту аз касе напурсам. Фармуданд: "Бигӯ: Ба Аллоҳ имон овардам, сипас истиқомат биварз (рост бош)
Дар мавриди Ислом ба ман сухане бигӯ, ки ҷуз ту аз касе напурсам. Фармуданд: "Бигӯ: Ба Аллоҳ имон овардам, сипас истиқомат биварз (рост бош)
Аз Суфён ибни Абдуллоҳи Сақафӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Гуфтам: Эй паёмбари Аллоҳ! Дар мавриди Ислом ба ман сухане бигӯ, ки ҷуз ту аз касе напурсам. Фармуданд: "Бигӯ: Ба Аллоҳ имон овардам, сипас истиқомат биварз (рост бош)".
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá اردو Bahasa Indonesia ئۇيغۇرچە සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Română Kinyarwanda বাংলা తెలుగు Bosanski Kurdî Lietuvių മലയാളം Nederlands Soomaali Shqip Српски Deutsch Українська ಕನ್ನಡ Wolof Moore Português ქართული Azərbaycan 中文 Magyar Tagalog தமிழ் فارسی Македонски Русский አማርኛ Malagasy Oromoo Türkçe ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek ភាសាខ្មែរ Español msالشرح
Саҳобии гиромӣ Суфён ибни Абдуллоҳ (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хост, ки барояш суханеро бигӯяд, ки маънои Исломро фарогир бошад, то ба он пойбанд шавад ва дар бораи он аз касе дигар напурсад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барояш гуфт: Бигӯ: Аллоҳро ба ягонагӣ шинохтам ва имон овардам, ки Ӯ Парвардигор ва Илоҳ ва Холиқ ва Маъбуди ба ҳаққи ман аст ва шарике надорад. Сипас бо иҷрои фарзҳои Аллоҳ ва тарки ҳаромкардаҳои Ӯ ва пойдорӣ бар он ба итоати Аллоҳ идома медиҳад.فوائد الحديث
Асли дин имон ба Аллоҳ, ба рубубият ва улуҳият ва номҳо ва сифатҳои Ӯ аст.
Аҳамияти истиқомат баъд аз имон овардан, идомаи ибодат ва устувор мондан дар он.
Имон шарти қабули амалҳо аст.
Имон ба Аллоҳ, ҳамаи он чиро, ки эътиқод бар он воҷиб аст, дар бар мегирад. Аз ҷумла, ақоид ва усуле, ки марбут ба имон аст ва ҳар он амалҳои қалбие, ки дар партави ин ақоид бошад. Инчунин дар ҳолати ботинӣ ва зоҳирӣ фармонбардор ва таслим шудан ба Аллоҳ.
Истиқомат, ба маънои мондан дар роҳи рост ва идомаи он бо анҷоми воҷибот ва тарки манҳиёт аст.