إعدادات العرض
Ҳар кадоми шумо то он чиро, ки барои худ дӯст медорад, барои бародар (-и мусалмонаш) низ дӯст надорад, ҳанӯз имон наовардааст
Ҳар кадоми шумо то он чиро, ки барои худ дӯст медорад, барои бародар (-и мусалмонаш) низ дӯст надорад, ҳанӯз имон наовардааст
Аз Абуҳамза Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ходими Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар кадоми шумо то он чиро, ки барои худ дӯст медорад, барои бародар (-и мусалмонаш) низ дӯст надорад, ҳанӯз имон наовардааст".
الترجمة
العربية Español አማርኛ English اردو Indonesia বাংলা Français Türkçe Русский Bosanski සිංහල हिन्दी 中文 فارسی Tiếng Việt Tagalog Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் မြန်မာ ไทย Deutsch 日本語 پښتو অসমীয়া Shqip Svenska Nederlands ગુજરાતી Кыргызча नेपाली Lietuvių دری Српски Kinyarwanda Română Magyar Čeština Moore Malagasy Oromoo ಕನ್ನಡ Wolof Azərbaycan O‘zbek Українська ქართული Македонски ភាសាខ្មែរ ਪੰਜਾਬੀ मराठी Kirundi Kurmancî Bahasa Melayu Yaoالشرح
Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) тавзеҳ додааст, ки ҳеҷ мусалмоне наметавонад имони комилро ба даст орад, то он чиро, ки худаш аз тоату амалҳои гуногун дар дин ва дунё дӯст медорад, барои бародари (муъмини) худ дӯст бидорад ва он чиро, ки барои худ бад мебинад, барои ӯ низ бад бинад. Агар дар дини бародари мусалмонаш нуқсоне бубинад, барои ислоҳаш саъй кунад ва агар дар ӯ хайре бубинад, ӯро роҳнамоӣ кунад, кумакаш кунад ва дар умури дин ва зиндагии дунявӣ пандаш диҳад.فوائد الحديث
Вуҷуби дӯст доштани шахс барои бародараш он чиро, ки барои худ дӯст медорад; зеро нафйи имон аз касе, ки барои бародараш ҳамон чиро дӯст намедорад, ки барои худ дӯст медорад, далолат мекунад бар воҷиб будани ин муҳаббат.
Бародарӣ дар роҳи Худо бартар аз бародарии насаб аст. Аз ин рӯ, ҳаққи он воҷибтар аст.
Ҳаром будани ҳар гуфтору кирдоре, ки бо ин муҳаббат мухолиф аст, аз қабили: фиреб, ғайбат, ҳасад, таҷовуз ба ҷон, мол, ё обрӯйи мусалмон.
Истифодаи баъзе лафзҳое, ки шахсро ба амал ташвиқ мекунад, чунон ки дар инҷо аз лафзи "бародараш" истифода бурда шудааст.
Кирмонӣ (раҳимаҳуллоҳ) гуфтааст: Аз ҷумлаи имон он аст, ки инсон барои бародари худ ҳамон чизеро, ки барои худ бад медонад, низ бад шуморад. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) инро зикр накардааст, зеро дӯст доштани чизе, сабаби бад дидани зидди он аст, бинобар ин ба зикри мустақими он эҳтиёҷ набуд.
