إعدادات العرض
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо як соъ то панҷ муд ғусл ва бо як муд вузӯ мекарданд
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо як соъ то панҷ муд ғусл ва бо як муд вузӯ мекарданд
Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо як соъ то панҷ муд ғусл ва бо як муд вузӯ мекарданд.
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt Hausa Kurdî Português සිංහල অসমীয়া Kiswahili ગુજરાતી Nederlands پښتو नेपाली മലയാളം Кыргызча Română Svenska తెలుగు Српски ქართული Moore Magyar Македонски Čeština Українська አማርኛ Azərbaycan Kinyarwanda Malagasy Wolof ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری ភាសាខ្មែរ Lietuvių Deutsch ಕನ್ನಡ Oromoo Shqip தமிழ் မြန်မာالشرح
Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҷанобат бо як соъ то панҷ муд ғусл мекард ва барои вузӯ бо як муд иктифо менамуд. Соъ — баробар ба чаҳор муд аст. Муд — ба андозаи пурии ду кафи дасти як шахси миёнахилқат аст.فوائد الحديث
Сарфаҷӯйи дар истифодаи об, ҳангоми вузӯ ва ғусл ҷоиз аст. Ҳатто агар об фаровон ҳам бошад, набояд онро беҳуда исроф кард.
Кам истифода бурдани об дар вақти вузӯ ва ғусл ва ба андозаи зарурӣ истифода бурдани он мустаҳаб аст. Ба қадри ҳоҷат истифода бурдани об аз роҳу равиши Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ғусл ва вузӯ буд.
Мақсад аз ин, анҷом додани таҳорат ва ғусл ба таври комил бо риояи суннатҳо ва одобҳо мебошад, бе исроф ва бе бахилӣ. Ҳамчунин бояд шароити вақт, фаровонӣ ё камии об ва дигар ҳолатҳо ба назар гирифта шаванд.
Ҷанобат ё ҷунуб бар шахсе мегӯянд, ки аз ӯ оби манӣ баромадааст, хоҳ бо ҷимоъ бошад ё бо роҳи дигар. Ин ҳолатро аз он сабаб ҷанобат ном ниҳоданд, ки соҳибаш аз намоз ва ибодатҳо дурӣ меҷӯяд, то ин ки ғусл кунад ва пок шавад.
Соъ — як андозаи маъруфи ченкунии ҳаҷм аст ва мақсад аз он соъи набавӣ мебошад. Вазни он ба (480) мисқол аз гандуми хуб мерасад ва ба литр, тақрибан 3 литрро ташкил медиҳад.
Муд — воҳиди ченкунии шаръист, ки баробар аст ба миқдори об ё ғизое, ки шахси миёнахилқат бо пурии ду кафи дастонаш гирифта, дастро дароз мекунад. Муд чоряки соъ аст, ба иттифоқи фақеҳон. Миқдори он тахминан 750 миллилитр мебошад.
التصنيفات
Суннатҳо ва одоби таҳорат