Мард ба аврати мард ва зан ба аврати зан нигоҳ накунад

Мард ба аврати мард ва зан ба аврати зан нигоҳ накунад

Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Мард ба аврати мард ва зан ба аврати зан нигоҳ накунад. Ва мард бо як марди дигар ва зан бо зани дигаре дар зери як либос ё рӯяндоз надароянд."

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мардро аз нигоҳ кардан ба шармгоҳи мард ва занро аз нигоҳ кардан ба шармгоҳи зан манъ кардааст. Он қисме аз бадан, ки ҳангоми зоҳир шуданаш шахс шарм дорад, аврат аст. Аврати мард байни ноф ва зонуяш аст. Ва зан ҳамаи баданаш дар баробари мардони бегона аврат аст. Аммо дар назди занҳо ва мардони маҳрамаш ҳамон андозае аст, ки одатан ҳангоми кори хона намоён мешавад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) наҳйи кардааст, ки мард бо марди дигар зери як ҷома ё болопӯш бараҳна, ё зан бо як зани дигар зери як ҷома ё болопӯш бараҳна, хилват кунанд. Зеро ин метавонад сабаби ламс кардани ҳар яке ба шармгоҳи ҳамроҳи худ шавад. Ва ин ламс кардан монанди нигоҳ кардан ба он наҳйи шудааст, балки наҳйи аз ин сахттар аст. Зеро ин ба фасоди бузургтар бурда мерасонад.

فوائد الحديث

Наҳйи нигоҳ кардан ба авратҳо, ба ҷуз зану шавҳар.

Таваҷҷуҳи Ислом ба покии ҷомеа ва бастани роҳҳое, ки ба бадахлоқӣ ва фоҳишагӣ мебарад.

Нигоҳ кардан ба аврат, агар ниёз бошад, ҷоиз аст, ба шарте ки бешаҳват бошад, монанди ҳолатҳои табобат ва ғайра.

Мусалмон амр шудааст, ки аврати худро бипӯшонад ва ба аврати дигарон нигоҳ накунад.

Инҷо ба таври хос аз мардон бо мардон ва аз занон бо занон зикр шудааст, зеро бештар дар маърази нигоҳ ба якдигар ва кашфи аврат назди якдигар ҳастанд.

التصنيفات

Ахлоқи нописанд, Одоби либос