Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳама корҳояш аз тарафи рост оғоз карданро дӯст медошт, ҳангоми пӯшидани пойафзол, шона задани мӯй, вузӯ гирифтан ва дар…

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳама корҳояш аз тарафи рост оғоз карданро дӯст медошт, ҳангоми пӯшидани пойафзол, шона задани мӯй, вузӯ гирифтан ва дар ҳамаи корҳояш

Аз Оиша Модари муъминон (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳама корҳояш аз тарафи рост оғоз карданро дӯст медошт, ҳангоми пӯшидани пойафзол, шона задани мӯй, вузӯ гирифтан ва дар ҳамаи корҳояш.

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дӯст медошт ва афзал медонист, ки дар корҳое, ки шоистаи эҳтироманд, аз тарафи рост оғоз намояд. Аз ҷумла: Аввал бо пойи рост пӯшидани пойафзол, аз тарафи рост шона кардани мӯй ва риш ва равған кардан ба онҳо, тақдими дасти рост бар чап ва пойи рост бар чап дар вузӯ гирифтан.

فوائد الحديث

Нававӣ мегӯяд: Ин як қоидаи доимӣ дар шариат аст, ҳар он чи аз боби такрим ва бузургдошт бошад, монанди: пӯшидани либос, пойафзол, даромадан ба масҷид, истифодаи мисвок, истифодабарии сурма, гирифтани нохун, кӯтоҳ кардани мӯйлаб, тартиб додани мӯй, кандани мӯйи зери бағал, тарошидани сар, салом пас аз намоз, шустани аъзои таҳорат, баромадан аз ҳоҷатхона, хӯрдану нӯшидан, даст дода салом кардан, даст задан ба Ҳаҷаруласвад ва монанди инҳо, дар ҳамааш оғоз кардан аз тарафи рост, мустаҳаб аст. Аммо корҳое, ки баръакс он аст, монанди: даромадан ба ҳоҷатхона, баромадан аз масҷид, тоза кардани бинӣ, истинҷо, кашидани либос, пойафзол ва ғайра, дар ин ҳолатҳо аз тарафи чап оғоз кардан мустаҳаб аст. Ҳамаи ин ба эҳтиром ва шарафи тарафи рост рабт дорад.

Ибораи "يُعجِبُهُ التَّيَمُّنُ" "Аз тарафи рост оғоз карданро дӯст медошт", шомили шуруъ кардани корҳо бо дасти рост ва пойи рост ва тарафи рост ва додугирифт кардан бо дасти рост, мешавад.

Нававӣ мегӯяд: Бидон, ки дар аъзои вузӯ, узвҳое ҳастанд, ки аз рост оғоз кардан дар онҳо мустаҳаб нест, монанди гӯшҳо, кафи дастҳо ва чеҳра, ки бояд якбора шуста шаванд. Аммо агар ин кор имконнопазир бошад, чунон ки касе як гӯш надошта бошад ё монанди он, бояд аз тарафи рост оғоз намояд.

التصنيفات

Либоси Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), Ҳидояти набавӣ