إعدادات العرض
пас аз ҳар намоз хондани ин дуъоро ҳаргиз тарк накунӣ. Дуо ин аст: Аллоҳумма аъиннӣ ъало зикрика ва шукрика ва ҳусни ъибодатика. …
пас аз ҳар намоз хондани ин дуъоро ҳаргиз тарк накунӣ. Дуо ин аст: Аллоҳумма аъиннӣ ъало зикрика ва шукрика ва ҳусни ъибодатика. Тарҷума: Ё Аллоҳ! Маро дар зикр карданат, шукр карданат ва нек ибодат карданат, ёрӣ бидеҳ!
Аз Муъоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дасти Муъозро гирифта, ба ӯ гуфт: "Эй Муъоз! Қасам ба Худо, ман туро дӯст медорам!" Сипас гуфт: "Эй Муъоз! Туро тавсия мекунам, ки пас аз ҳар намоз хондани ин дуъоро ҳаргиз тарк накунӣ. Дуо ин аст: Аллоҳумма аъиннӣ ъало зикрика ва шукрика ва ҳусни ъибодатика. Тарҷума: Ё Аллоҳ! Маро дар зикр карданат, шукр карданат ва нек ибодат карданат, ёрӣ бидеҳ!"
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Hausa Kurdî Kiswahili Português සිංහල Nederlands Tiếng Việt অসমীয়া پښتو ગુજરાતી Română മലയാളം नेपाली Deutsch मराठी Кыргызча తెలుగు ქართული Moore Magyar Svenska Українська Македонски ಕನ್ನಡ አማርኛ Kinyarwanda Wolof Oromoo ไทย Српски Lietuvių ਪੰਜਾਬੀ دری Malagasy ភាសាខ្មែរ தமிழ் Shqip မြန်မာالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дасти Муъоз (разияллоҳу анҳу)-ро гирифта, гуфт: Қасам ба Худо, ман туро дӯст медорам. Туро тавсия мекунам, эй Муъоз, ки пас аз ҳар намоз хондани ин дуъоро фаромӯш накунӣ: (Аллоҳумма аъиннӣ ъало зикрика) дар ҳар сухан ва амале, ки дар наздик шудан ба ибодат кумак диҳад, (ва шукрика), барои шукргузорӣ аз неъматҳо ва дур кардани уқубатҳо, (ва ҳусни ибодатика), барои ибодати холисона ва самимӣ бо пайравӣ аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).فوائد الحديث
Машруияти хабар додани шахс, касеро, ки барои Худо дӯсташ медорад.
Ин дуоро баъд аз ҳар намоз хондан мустаҳаб аст, фарқе намекунад намози фарзӣ бошад ё нафлӣ.
Дар калимаҳои ками ин дуо, хостаҳои дунё ва охират гунҷонида шудааст.
Аз манфиатҳои муҳаббат ба Худо: тавсия кардан ба ҳақ, насиҳат кардан ва ҳамкорӣ кардан дар некӣ ва парҳезгорӣ мебошад.
Тайибӣ мегӯяд: Ёдоварии Худованд сабаби саодат ва кушоиши дил, шукри Худованд василаи дарёфти неъматҳо ва ибодати хубро талаб мекунад, ки шахс аз ҳама чизе, ки ӯро аз Худо бозмедорад, пок бошад.
التصنيفات
Зикрҳои намоз