Ҳар гурӯҳе аз маҷлисе бархезанд ва дар он маҷлис Худовандро зикр накарда бошанд, гӯё аз лошаи хари мурдае бархостаанд ва он маҷлис барои онҳо сабаби ҳасрат…

Ҳар гурӯҳе аз маҷлисе бархезанд ва дар он маҷлис Худовандро зикр накарда бошанд, гӯё аз лошаи хари мурдае бархостаанд ва он маҷлис барои онҳо сабаби ҳасрат (пушаймонӣ) хоҳад шуд

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар гурӯҳе аз маҷлисе бархезанд ва дар он маҷлис Худовандро зикр накарда бошанд, гӯё аз лошаи хари мурдае бархостаанд ва он маҷлис барои онҳо сабаби ҳасрат (пушаймонӣ) хоҳад шуд."

[Саҳеҳ] [رواه أبو داود]

الشرح

Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки ҳеҷ гурӯҳе нест, ки дар маҷлисе нишаста бошанд ва аз он бе ёди Худо бархезанд, магар ин ки монанди касоне ҳастанд, ки гирди ҷасади хари мурдае ҷамъ шудаанд, ки пур аз бӯй ва ифлосист. Ин аз он сабаб аст, ки онҳо худро бо суханҳое машғул карданд, ки дар он зикри Худо набуд. Пас он маҷлис дар рӯзи қиёмат барои онҳо сабаби пушаймонӣ, камбудӣ ва надомат хоҳад буд.

فوائد الحديث

Он чи ки дар бораи ҳушдор аз ғофилӣ аз зикри Худо зикр шуд, танҳо ба маҷлисҳо маҳдуд намешавад, балки тамоми ҳолатҳоро дар бар мегирад. Имом Нававӣ мегӯяд: Барои касе, ки дар ҷойе нишастааст, макруҳ аст, ки пеш аз зикри Худо онро тарк кунад.

Ҳасрате, ки дар рӯзи қиёмат ба онҳо мерасад, ё ба сабаби аз даст додани аҷру савоб аст, зеро вақташонро дар тоати Худо нагузарониданд, ё ба сабаби гуноҳ ва азоб, ки вақташонро бо маъсиятҳои Худо гузаронданд.

Ин ҳушдор барои ғафлат дар гуфтугӯҳои мубоҳ аст, пас агар маҷлисҳо ҳаром бошанд, мисли ғайбат, суханчинӣ ва дигар гуноҳҳо, ҳолашон чӣ гуна хоҳад буд?!

التصنيفات

Фазоили зикр