Саҳарӣ бихӯред, зеро дар саҳарӣ хӯрдан баракат аст

Саҳарӣ бихӯред, зеро дар саҳарӣ хӯрдан баракат аст

Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Саҳарӣ бихӯред, зеро дар саҳарӣ хӯрдан баракат аст".

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мардумро ба саҳархӯрӣ ташвиқ мекарданд. Ва саҳархӯрӣ хӯрдани хӯрок дар охири шаб барои омодагӣ ба рӯза доштан аст. Зеро дар он баракат ва аҷру савоби зиёд аст. Ва бархостан дар охири шаб барои дуо ва неру гирифтан барои рӯза ва бо нашот будан барои он ва костан аз сахтии он вуҷуд дорад.

فوائد الحديث

Саҳархӯрӣ ва иҷрои фармони шариат барои анҷоми он мустаҳаб аст.

Ибни Ҳаҷар дар Фатҳулборӣ гуфтааст: баракат дар саҳархӯрӣ аз чанд ҷиҳат ба даст меояд: пайравӣ ба суннат, мухолифат бо аҳли китоб, қавӣ шудан барои ибодат, зиёд кардани фаъолият, пешгирӣ аз корҳои баде, ки гуруснагӣ ба вуҷуд меорад, имкон барои садақа додан ба касе, ки пурсад, ё хӯрдан ҳамроҳи ӯ, имкон барои зикр ва дуо дар вақти иҷобати дуо ва расидагӣ ба нияти рӯза барои касоне, ки пеш аз хоб онро фаромӯш кардаанд.

Омузиши неки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), чунон ки ҳукмро бо ҳикмат пайваст мекард, то дил равшан шавад ва бартарии шариат шинохта шавад.

Ибни Ҳаҷар гуфт: саҳархӯрӣ бо камтарин миқдори хӯрок ва нӯшокӣ низ ҳосил мешавад.

التصنيفات

Суннатҳои рӯза