إعدادات العرض
Шаби қадрро дар шабҳои тоқи даҳаи охири Рамазон ҷустуҷӯ кунед
Шаби қадрро дар шабҳои тоқи даҳаи охири Рамазон ҷустуҷӯ кунед
Аз Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Шаби қадрро дар шабҳои тоқи даҳаи охири Рамазон ҷустуҷӯ кунед."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Português Kurdî සිංහල Kiswahili Tiếng Việt অসমীয়া ગુજરાતી Nederlands മലയാളം Română Magyar ქართული ಕನ್ನಡ Moore Македонски ไทย Українська తెలుగు मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Malagasy ភាសាខ្មែរ پښتو Svenska Wolof नेपाली Shqip Српски မြန်မာ தமிழ் Deutschالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мардумро ба кӯшишу ҷидду ҷаҳд дар ҷустуҷӯ, пайгирӣ ва талаби шаби қадр ташвиқ намудааст, бо афзун кардани амалҳои нек. Умедвортар он аст, ки шаби қадр, ҳар сол дар шабҳои тоқ аз даҳ шаби охири моҳи Рамазон бошад, ки инҳоянд: шаби бисту якум, бисту сеюм, бисту панҷум, бисту ҳафтум ва бисту нуҳум.فوائد الحديث
Фазилати шаби қадр ва ташвиқ ба ҷустуҷӯйи он.
Аз ҳикмат ва раҳмати Худост, ки ин шабро пинҳон доштааст, то мардум дар ибодат ҷидду ҷаҳд намоянд ва онро ҷустуҷӯ кунанд ва дар натиҷа савобашон бештар гардад.
Шаби қадр дар даҳ шаби охири моҳи Рамазон аст. Ва будани он дар шабҳои тоқи он умедвортар мебошад.
Шаби қадр яке аз шабҳои даҳгонаи охири Рамазон аст. Он шабест, ки Худованди Азза ва Ҷалла Қуръонро бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил фармуд ва ин шабро ба баракати фаровон, бузургии мақом ва таъсири амалҳои нек дар он, беҳтар аз ҳазор моҳ қарор дод.
Он «Лайлатул-қадр» (шаби қадр) (бо сукуни ҳарфи дол), номида шудааст, ё аз ҷиҳати шараф аст, чунон ки мегӯянд: фалонӣ бузургқадр аст, пас изофаи шаб аз навъи изофаи чиз ба сифати он мебошад, яъне шаби шариф, ки дорои мақому шараф ва бузургист, чунон ки фармудааст: (Мо Қуръонро дар шаби муборак [ва фархундаи қадр] нозил кардем.) (Сураи Духон, ояти 3). Ё аз ҷиҳати тақдир (тақдир кардан) аст, пас изофаи он аз навъи изофаи зарф ба он чизест, ки дар бар мегирад. Яъне ин ҳамон шабест, ки дар он тақдири он чи дар давоми сол рух медиҳад, муқаррар мегардад: (Дар он [шаб] ҳар амри муҳимме файсала меёбад [ва тадбир мешавад].) (Сураи Духон, ояти 4).
التصنيفات
Даҳаи охири рамазон