إعدادات العرض
Банӣ Исроилро паёмбарон роҳбарӣ мекарданд, ҳар вақт паёмбаре фавт мекард, паёмбари дигаре ба ҷойи ӯ меомад. Пас аз ман паёмбаре нахоҳад буд, балки халифаҳое хоҳанд…
Банӣ Исроилро паёмбарон роҳбарӣ мекарданд, ҳар вақт паёмбаре фавт мекард, паёмбари дигаре ба ҷойи ӯ меомад. Пас аз ман паёмбаре нахоҳад буд, балки халифаҳое хоҳанд буд ва онҳо зиёд хоҳанд шуд
Аз Абуҳазм ривоят аст, ки гуфт: Ман панҷ сол бо Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) нишастам ва шунидам, ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят мекунад, ки фармуданд: "Банӣ Исроилро паёмбарон роҳбарӣ мекарданд, ҳар вақт паёмбаре фавт мекард, паёмбари дигаре ба ҷойи ӯ меомад. Пас аз ман паёмбаре нахоҳад буд, балки халифаҳое хоҳанд буд ва онҳо зиёд хоҳанд шуд." Саҳобагон гуфтанд: Пас ба мо чӣ дастур медиҳӣ? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ба байъати аввалӣ, сипас аввалӣ вафо кунед ва ҳаққи онҳоро ба ҷо оваред, зеро Худованд аз онон дар бораи он чи ба онон супурдааст суол хоҳад кард."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt සිංහල ئۇيغۇرچە Hausa Kurdî Português தமிழ் Kiswahili অসমীয়া ગુજરાતી Nederlands മലയാളം Română Magyar ქართული Moore ಕನ್ನಡ Svenska Македонски ไทย తెలుగు Українська मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Malagasy ភាសាខ្មែរ پښتو Wolof नेपाली Shqip Српски မြန်မာ Deutschالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки Банӣ Исроилро паёмбарон роҳбарӣ мекарданд ҳамон гуна ки амирон ва ҳокимон бо раият рафтор мекунанд. Ҳар вақте дар миёни онҳо фасод пайдо мешуд, Худованд барои онҳо паёмбаре мефиристод, ки умури онҳоро барқарор кунад ва аҳкомеро, ки тағйир дода буданд, бартараф созад. Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд, ки пас аз ман дигар паёмбар нахоҳад буд, то амалҳое, ки он паёмбарон анҷом медоданд, анҷом диҳад, аммо баъд аз ман халифаҳое хоҳанд буд, ки зиёд хоҳанд шуд ва миёни онҳо ихтилоф ва баҳс рух хоҳад дод. Саҳобаҳо (разияллоҳу анҳум) пурсиданд: Пас ба мо чӣ дастур медиҳӣ? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Ҳаргоҳ бо халифае баъд аз халифаи аввал байъат шавад, байъати аввали дуруст аст ва ба он вафо кардан воҷиб аст. Ва байъати дувумӣ ботил аст ва талаб кардани он бар ӯ ҳаром аст. Ҳаққи онҳоро бидиҳед, аз онон итоат кунед ва бо шунидан ва фармонбардорӣ дар ғайр аз гуноҳ бо онон рафтор кунед, зеро Худованд онҳоро барои он чи нисбат ба шумо анҷом медиҳанд, мепурсад ва муҳосаба мекунад.فوائد الحديث
Барои мардум лозим аст, ки паёмбар ё халифае бошад, ки умури онҳоро бар уҳда гирад ва онҳоро ба роҳи рост роҳнамоӣ кунад.
Баъд аз Паёмбарамон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дигар паёмбаре нахоҳад буд.
Ҳушдор аз баромадан ба муқобили касе, ки ҳокимияти ӯ бо роҳи шариатӣ муайян шудааст.
Дар як вақт байъат барои ду халифа ҳамзамон ҷоиз нест.
Масъулияти бузурги имом, зеро Аллоҳ Таъоло ӯро дар бораи раияташ мепурсад.
Ибни Ҳаҷар гуфтааст: (Дар ин ҳадис) муқаддам доштани амри дин бар амри дунё (омадааст), зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд, ки ҳаққи ҳокимро ба ӯ бидиҳед, зеро ин барои баланд бардоштани ҷойгоҳи дин ва пешгирӣ аз фитна ва зулм аст. Ба таъхир андохтани мутолабаи ҳақ (раият) онро соқит намекунад ва Худованд ваъда додааст, ки ҳақашро боз меситонад ва ба таври комил ба ӯ медиҳад, ҳарчанд дар сарои охират бошад.
Ин нишона яке аз нишонаҳои паёмбарии Паёмбарамон (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст, зеро пас аз ӯ халифаҳо зиёд шуданд ва байни уммат пайваста некукорон ва бадкоронашон бар ин уммат ҳоким шуданд.
التصنيفات
Достонҳо ва рӯйдодҳои умматони пешин