إعدادات العرض
Пойҳои банда дар рӯзи қиёмат аз ҷояш намеҷунбад, то ин ки дар бораи умраш аз ӯ пурсида шавад, ки чӣ гуна онро ба сар бурдааст. Ва дар бораи илмаш, ки чӣ гуна ба он амал…
Пойҳои банда дар рӯзи қиёмат аз ҷояш намеҷунбад, то ин ки дар бораи умраш аз ӯ пурсида шавад, ки чӣ гуна онро ба сар бурдааст. Ва дар бораи илмаш, ки чӣ гуна ба он амал кардааст. Ва дар бораи молаш, ки аз куҷо онро ба даст оварда ва дар куҷо сарф кардааст. Ва дар бораи баданаш, ки дар чӣ роҳе онро фарсуда кардааст
Аз Абубарзаи Асламӣ ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Пойҳои банда дар рӯзи қиёмат аз ҷояш намеҷунбад, то ин ки дар бораи умраш аз ӯ пурсида шавад, ки чӣ гуна онро ба сар бурдааст. Ва дар бораи илмаш, ки чӣ гуна ба он амал кардааст. Ва дар бораи молаш, ки аз куҷо онро ба даст оварда ва дар куҷо сарф кардааст. Ва дар бораи баданаш, ки дар чӣ роҳе онро фарсуда кардааст."
[Саҳеҳ] [رواه الترمذي]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Hausa Kurdî Português සිංහල Svenska ગુજરાતી Yorùbá ئۇيغۇرچە Tiếng Việt Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Čeština Română Nederlands Soomaali తెలుగు മലയാളം Српски Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Lietuvių தமிழ் Wolof Українська Shqip ქართული Moore Magyar Македонски Azərbaycan አማርኛ Malagasy Oromoo Deutsch ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek Italiano ភាសាខ្មែរ မြန်မာ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки ҳеҷ кас дар рӯзи қиёмат аз ҷои худ ба сӯи биҳишт ё дӯзах намеравад, то ин ки дар бораи чанд чиз пурсида шавад: Якум: Умри худро чӣ гуна сипарӣ кард ва дар чӣ сарф кард? Дуввум: Илми ӯ, оё барои Аллоҳ талаб кард онро? Ва оё бо он амал кард? Ва оё онро ба шахсони сазовор расонд? Сеюм: Молашро аз куҷо ба даст овард, ҳалол аст ё ҳаром? Ва он молро дар чӣ сарф кард? Дар роҳе, ки Аллоҳро хушнуд месозад ё сабаби нохушнудии Ӯ мешавад? Чаҳорум: Бадани ӯ ва қуввату саломатӣ ва ҷавониаш, аз инҳо чӣ гуна истифода кард ва дар чӣ роҳе аз онҳо баҳра бурд?فوائد الحديث
Ташвиқ ба ғанимат шумурдани зиндагӣ дар роҳи он чи сабаби розигии Аллоҳ аст.
Неъматҳои Аллоҳ бар бандагонаш бисёр аст ва аз ӯ дар бораи неъматҳое, ки дар он буд, мепурсад. Бинобар ин бояд неъматҳои Аллоҳро дар роҳе сарф кунад, ки сабаби розигии Ӯ мегардад.
التصنيفات
Зиндагии охират