إعدادات العرض
Сайиди истиғфор
Сайиди истиғфор
Аз Шаддод ибни Авс (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Сайиди истиғфор (беҳтарин дархости омурзиш) ин аст, ки бигӯед: Аллоҳумма анта раббӣ ло илоҳа илло анта халақтанӣ ва ана ъабдука ва ана ъало ъаҳдика ва ваъдика мастатаъту. Аъузу бика мин шарри мо санаъту абӯу лака биниъматика ъалайя ва абӯу бизанбӣ фағфирлӣ фаиннаҳу ло яғфируз-зунуба илло анта". Тарҷума: Парвардигоро, Ту Худои манӣ маъбуди барҳақе ҷуз Ту нест, маро офаридӣ ва ман бандаи Туам ва бар аҳд ва паймони Ту ба қадри тавон истодаам. Аз бадӣ ва зиштии он чи анҷом додаам, ба Ту паноҳ меҷӯям, ба неъматат бар хеш ва ҳам бар гуноҳонам эътироф дорам, пас маро биёмурз, зеро гуноҳонро ҷуз Ту касе намеомурзад." Фармуд: "Он ки дар рӯз онро бигӯяд, дар ҳоле ки ба он яқин дорад ва дар ҳамон рӯз пеш аз он ки шаб кунад, бимирад, аз аҳли биҳишт аст. Ва он ки дар шаб онро бигӯяд, дар ҳоле ки ба он яқин дорад ва пеш аз он ки субҳ кунад, бимирад, ӯ аз аҳли биҳишт аст."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Hausa Kurdî Português සිංහල Русский Svenska ગુજરાતી Yorùbá ئۇيغۇرچە Tiếng Việt Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Čeština Română Nederlands Soomaali മലയാളം తెలుగు Српски Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Lietuvių Wolof Українська ქართული Magyar Moore Shqip Македонски Azərbaycan አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย Deutsch मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek Italiano ភាសាខ្មែរ မြန်မာ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки барои истиғфор лафзҳои гуногуне аст. Аммо беҳтарини он алфоз ин аст, ки банда бигӯяд: Аллоҳумма анта раббӣ ло илоҳа илло анта халақтанӣ ва ана ъабдука ва ана ъало ъаҳдика ва ваъдика мастатаъту. Аъузу бика мин шарри мо санаъту абӯу лака биниъматика ъалайя ва абӯу бизанбӣ фағфирлӣ фаиннаҳу ло яғфируз-зунуба илло анта". Тарҷума: Парвардигоро, Ту Худои манӣ маъбуди барҳақе ҷуз Ту нест, маро офаридӣ ва ман бандаи Туам ва бар аҳд ва паймони Ту ба қадри тавон истодаам. Аз бадӣ ва зиштии он чи анҷом додаам, ба Ту паноҳ меҷӯям ба неъматат бар хеш ва ҳам бар гуноҳонам эътироф дорам, пас маро биёмурз, зеро гуноҳонро ҷуз Ту касе намеомурзад. Дар ин дуо банда нахуст ба тавҳид иқрор мекунад ва ба ин ки Аллоҳ Таъоло офаридгор ва Маъбуде аст, ки шарик надорад. Ва ин ки бар аҳду паймоне, ки бо Аллоҳ Таъоло бастааст, яъне: имон ва тоати Ӯ мувофиқи тавоноӣ пойбанд ва вафодор аст. Зеро банда ҳар қадаре, ки ибодат кунад, қодир нест ҳар он чиро, ки Худованд ба ӯ фармудааст, ба ҷо оварад ва шукри ҳамаи неъматҳоро ба ҷо биёварад. Аммо ба Аллоҳ рӯй меорад ва ба Ӯ паноҳ меҷӯяд. Зеро Ӯ аст, ки бандаро аз шарри корҳояш ҳифз мекунад. Ва ин ки банда, худ ба неъматҳои Парвардигораш ихтиёрӣ иқрор ва эътироф мекунад ва ба гуноҳони худ эътироф мекунад. Ва баъд аз ин тавассул ба Аллоҳ Таъоло, Парвардигорашро дуо мекунад, ки ӯро мағфират кунад ва гуноҳонашро бипӯшонад. Ва дархост мекунад, ки ӯро аз гуноҳонаш бо бахшишу фазлу раҳматаш, наҷот диҳад. Зеро касе ҷуз Аллоҳ Таъоло гуноҳонро намеомурзад. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар дод, ки ин дуо аз зикрҳои шабонарӯзӣ аст. Пас ҳар ки онро ба яқин ва ҳозир доштани маъонии ин дуо ва имон ба он дар оғози рӯз, яъне мо байни тулуъи офтоб то заволи офтоб (пеш аз пешин) яъне, ҳангоми рӯз онро бигӯяд ва бимирад, вориди биҳишт мешавад. Ва ҳар ки дар шаб, аз ғуруби офтоб то тулуъи фаҷр, онро бигӯяд ва пеш аз фаҷр бимирад, вориди биҳишт мешавад.فوائد الحديث
Сиғаҳои истиғфор гуногунанд ва баъзе аз он беҳтар аз баъзеи дигар аст.
Барои банда сазовор аст, ки талош кунад бо ин дуо Аллоҳро фаро бихонад, зеро ин сайиди истиғфор аст (беҳтарин ва бартарин талаби бахшиш).
التصنيفات
Зикрҳои субҳу шом