إعدادات العرض
Худованд ба марде, ки бо марде ё бо зан аз роҳи пушт (дар дубур) робитаи ҷинсӣ кунад, нигоҳ намекунад
Худованд ба марде, ки бо марде ё бо зан аз роҳи пушт (дар дубур) робитаи ҷинсӣ кунад, нигоҳ намекунад
Аз ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Худованд ба марде, ки бо марде ё бо зан аз роҳи пушт (дар дубур) робитаи ҷинсӣ кунад, нигоҳ намекунад."
الترجمة
العربية Bosanski English فارسی Indonesia Русский Türkçe اردو हिन्दी 中文 Kurdî Português Nederlands অসমীয়া Tiếng Việt ગુજરાતી Kiswahili پښتو සිංහල Hausa Tagalog മലയാളം नेपाली Magyar ქართული తెలుగు Македонски Svenska Moore Română ไทย Українська मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ বাংলা Wolof ភាសាខ្មែរ ಕನ್ನಡ Malagasy Kinyarwanda Shqip Српски தமிழ் မြန်မာ Oromoo Deutsch Lietuviųالشرح
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) азобу ваъиди сахтеро баён карданд, ки Худованд бо нигоҳи раҳмат ба марде, ки бо марди дигар аз пушт, ё бо зане аз пушт ҳамхобагӣ кунад, нигоҳ намекунад. Ва ин амал аз гуноҳони кабира ба ҳисоб меравад.فوائد الحديث
Омезиши мард бо мард, ки ливот ном дорад, аз гуноҳони кабира аст.
Омезиш бо зан аз роҳи қафо низ аз гуноҳони кабира ба шумор меравад.
(Худованд нигоҳ намекунад), яъне бо назари раҳмат ва меҳрубонӣ. Мақсад аз он нигоҳ кардани умумӣ нест, зеро ҳеҷ чиз аз назари Худованд пинҳон намемонад.
Ин кирдорҳо аз бузургтарин ва хатарноктарин зиштиҳо барои инсоният ҳастанд. Зеро дар онҳо мухолифат бо фитрати солими инсонӣ, кам шудани насл, вайрон шудани зиндагии зану шавҳар, коштани душманию бадбинӣ ва ворид шудан ба ҷойҳои нопок ва нафратовар вуҷуд дорад.
التصنيفات
Аҳкоми таъзири