Аллоҳ заминро (дар) мушти (худ) мекунад ва осмонро ба дасти росташ мепечонад, сипас мегӯяд: Манам Подшоҳ, подшоҳони замин куҷоянд?

Аллоҳ заминро (дар) мушти (худ) мекунад ва осмонро ба дасти росташ мепечонад, сипас мегӯяд: Манам Подшоҳ, подшоҳони замин куҷоянд?

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт: "Аллоҳ заминро (дар) мушти (худ) мекунад ва осмонро ба дасти росташ мепечонад, сипас мегӯяд: Манам Подшоҳ, подшоҳони замин куҷоянд?"

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки Аллоҳ Таъоло дар рӯзи қиёмат заминро дар мушти худ мегирад ва ҷамъ мекунад ва осмонҳоро бо дасти росташ мепечонад ва баъзеашро бар руйи ҳамдигар мепечонад ва аз байн мебарад. Сипас мегӯяд: Манам Подшоҳ, подшоҳони замин куҷоянд?!

فوائد الحديث

Ёдоварӣ бар ин ки мулки Аллоҳ абадӣ боқӣ аст ва подшоҳии дигарон зудгузар аст.

Бузургии Аллоҳ, бузургии қудрати Ӯ ва султони Ӯ ва пурргии подшоҳии Ӯ.

التصنيفات

Имон ба Аллоҳи бузург, Имон ба рӯзи қиёмат, Тавҳиди исмҳо ва сифатҳо