إعدادات العرض
Ҳар гоҳ муаззин гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар ва яке аз шумо (дар посухаш) гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар
Ҳар гоҳ муаззин гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар ва яке аз шумо (дар посухаш) гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар
Аз Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар гоҳ муаззин гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар ва яке аз шумо (дар посухаш) гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар. Сипас (муаззин) гуфт: Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳ, (дар посухаш) гуфт: Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳ. Сипас гуфт: Ашҳаду анна Муҳамадан расулуллоҳ, (дар посухаш) гуфт: Ашҳаду анна Муҳамадан расулуллоҳ. Сипас гуфт: Ҳайя алас-салот, (дар посухаш) гуфт: Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ. Сипас гуфт: Ҳайя алал-фалоҳ, (дар посухаш) гуфт: Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ. Сипас гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, (дар посухаш) гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар. Сипас гуфт: Ло илоҳа илло Аллоҳ, (дар посухаш) гуфт: Ло илоҳа илло Аллоҳ, инҳоро аз самими дил гуфт, ба биҳишт дохил шавад".
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá Nederlands اردو Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa తెలుగు Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча Lietuvių Kinyarwanda नेपाली മലയാളം or Bosanski ಕನ್ನಡ Kurdî Română Shqip Soomaali Српски Wolof Українська Tagalog தமிழ் Moore Azərbaycan فارسی ქართული 中文 Magyar Português Deutsch Македонски Русский Bambara አማርኛ Malagasy Oromoo ភាសាខ្មែរ ไทย Türkçe मराठी ਪੰਜਾਬੀ Italiano O‘zbek Español Kurmancî 日本語الشرح
Азон эълони фаро расидани вақти намоз ба мардум аст. Ва калимаҳои азон, мафҳуми ҷомеи ақидаи имонро дар бар мегирад. Дар ин ҳадис Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд, ки ҳангоми шунидани азон чи муқаррар шудааст. Яъне, ин ки шунаванда ҳамон чизеро бигӯяд, ки муаззин мегӯяд. Ҳаргоҳ муаззин "Аллоҳу акбар" гуфт, шунаванда низ "Аллоҳ акбар" бигӯяд ва ғайра, магар дар ҳолати шунидани "Ҳайя алас-салот", "Ҳайя алал-фалоҳ", шунаванда мегӯяд: "Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ". Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ҳар касе инро аз самими дил ва холисона ҳамроҳи муаззин такрор кунад, вориди биҳишт мешавад. Маънои калимаҳои азон: "Аллоҳу акбар": Яъне, Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло азимтар, гиромитар ва бузургтар аз ҳама чиз аст. "Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳ": Яъне, гувоҳӣ медиҳам, ки нест маъбуди ба ҳақ, магар Аллоҳ. "Ашҳаду анна Муҳаммадан расулаллоҳ": Яъне, иқрор мекунам ва бо дилу забонам гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст, Аллоҳ ӯро фиристодааст ва итоат аз ӯ воҷиб аст. "Ҳайя алас-салот": Яъне, ба сӯи намоз бишитобед. Ва шунаванда дар посухи он мегӯяд: "Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ": Яъне, роҳе барои раҳои аз монеаҳои тоат нест ва қудрате барои анҷоми он нест ва тавоне барои анҷоми коре нест, магар ба тавфиқи Аллоҳ Таъоло. "Ҳайя алал-фалоҳ": Яъне, бишитобед ба сӯи растагорӣ, манзур аз растагор шудан, ворид шудан ба биҳишт ва наҷот ёфтан аз оташи дӯзах аст.فوائد الحديث
Фазилати посух додан ба муаззин ва такрори он чи мегӯяд, ба ҷуз ду "ҳайя алал...," ки дар посух мегӯяд: "Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ".
