Чун хостед намоз гузоред, сафҳои худро рост кунед, сипас яке аз шумо имом шавад ва чун такбир (Аллоҳу акбар) гӯяд, шумо ҳам такбир (Аллоҳу акбар) гӯед

Чун хостед намоз гузоред, сафҳои худро рост кунед, сипас яке аз шумо имом шавад ва чун такбир (Аллоҳу акбар) гӯяд, шумо ҳам такбир (Аллоҳу акбар) гӯед

Аз Ҳиттон ибни Абдуллоҳи Раққошӣ ривоят аст, ки гуфт: Ҳамроҳи Абумӯсои Ашъарӣ намоз хондам, пас ҳамин ки дар нишастани намоз будем, марде аз миёни ҷамъ гуфт: Намоз дар Қуръон бо некӯкорӣ ва закот омадааст. Ровӣ мегӯяд: Вақте Абӯмусо (ки имом буд) намозро ба поён расонид ва салом дод, баргашт ва гуфт: Кадоме аз шумо ин суханро гуфт? Касе чизе нагуфт. Сипас (дубора) пурсид: Кадоме аз шумо ин суханро гуфт? Мардум сокит монданд. Сипас гуфт: Эй Ҳиттон шояд ту он суханро гуфтӣ? Гуфт: Ман нагуфтам ва тарсидам, ки манро ба он муттаҳам ва тавбихам кунӣ. Пас марде аз қавм гуфт: Ман онро гуфтам ва қасде ҷуз хайр надоштам. Абумӯсо гуфт: Магар намедонед дар намозатон чӣ бигӯед? Ҳамоно Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои мо хутба гуфт ва суннати моро бароямон баён кард ва намозамонро ба мо омӯзиш дод ва фармуд: "Чун хостед намоз гузоред, сафҳои худро рост кунед, сипас яке аз шумо имом шавад ва чун такбир (Аллоҳу акбар) гӯяд, шумо ҳам такбир (Аллоҳу акбар) гӯед. Ва чун гуфт: (Ғайрил-мағзуби алайҳим ва лаз-золлин) (Фотиҳа, ояти 7) омин бигӯед, то Аллоҳ шуморо иҷобат кунад. Ва чун такбир гуфт ва ба рукуъ рафт, такбир бигӯед ва ба рукуъ равед, зеро имом пеш аз шумо ба рукуъ меравад ва пеш аз шумо аз рукуъ бармехезад". Онгоҳ Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ин дар баробари он. Ва чун (Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ) гуфт, бигӯед: (Аллоҳумма рабано лакал-ҳамд) Аллоҳ садои шуморо мешунавад. Зеро Аллоҳ бар забони Паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудааст: (Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ, Аллоҳ шунид он ки ҳамдашро гуфт). Ва чун такбир гуфт ва ба саҷда рафт, такбир бигӯед ва ба саҷда биравед. Зеро имом пеш аз шумо ба саҷда меравад ва пеш аз шумо аз саҷда бармехезад." Онгоҳ Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Пас ин дар баробари он, ва чун дар нишастани намоз (барои ташаҳҳуд) буд, аввалин сухани шумо ин бошад: Аттаҳиётут-тайиботус-салавоту лиллоҳи. Ассалому ъалайка айюҳаннабийю ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ. Ассалому ъалайно ва ъало ъибодиллоҳи-с-солиҳин. Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу."

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Саҳобии Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Абумусои Ашъарӣ намозеро барои мардум имомати кард, Пас чун дар нишасте, ки дар он ташаҳҳуд хонда мешавад, нишаста буд, яке аз намозгузорон чунин гуфт: Намоз дар Қуръон ҳамроҳ бо некукорӣ ва закот омадааст. Вақте Абумусо намозро ба поён расонид рӯ ба намозгузорон кард ва гуфт: Кадоме аз шумо ин суханро гуфт, ки Қуръон ҳамроҳ бо некукорӣ ва закот омадааст? мардум сукут карданд ва касе чизе нагуфт. Бинобарин саволашро дубора такрор кард ва чун касе посухашро надод, гуфт: Эй Ҳиттон шояд ту он суханро гуфти? Зеро Ҳиттон ҷасур буд ва ба ӯ наздик буд ва муттаҳам кардани ӯ ба вай озор намерасонд ва ин кор сабаб мешуд, ки гӯяндаи асосӣ эътироф кунад. Ҳиттон ин иттиҳомро нафйи кард ва гуфт: Тарсидам, ки ба гумони онки ман онро гуфтаам манро тавбих куни, дар ин ҳолат марде аз миёни мардум гуфт: Ман онро гуфтам ва қасде ҷуз хайр надоштам. Абумусо дар мақоми муаллим гуфт: Оё намедонед дар намозатон чи бигӯед? Ва ин ба таври истинкор аз ҷониби ӯ буд, сипас Абумусо баён намуд, ки Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барои онон хутба хонд ва шариаташонро барояшон баён кард ва намозашонро ба онон ёд дод, пас фармуд: Чун хостед намоз гузоред, сафҳои худро рост кунед ва дар он рост ва ба эътидол биистед, сипас яке аз шумо имом шавад ва чун такбир (Аллоҳу акбар) гӯяд, шумо ҳам такбир (Аллоҳу акбар) гӯед, Ва чун Фотиҳаро хонд ва ба инҷо расид: (Ғайрил-мағзуби алайҳим ва лаз-золлин) (Фотиҳа 7) омин бигӯед, ки агар чунин кунед Аллоҳ дуои шуморо истиҷобат кунад. Ва чун такбир гуфт ва ба рукуъ рафт, такбир бигӯед ва ба рукуъ равед, зеро имом пеш аз шумо ба рукуъ меравад ва пеш аз шумо аз рукуъ бармехезад, пас аз ӯ пеши накунед ва пеш аз имом ба рукуъ наравед ва пеш аз имом аз рукуъ нахезед. Зеро он лаҳзае, ки имом пеш аз шумо ба рукуъ меравад, бо он лаҳзае, ки шумо баъд аз имом аз рукуъ бармехезед ҷуброн мешавад. Ва бо ин миқдори рукуъи шумо бо рукуъи имом баробар мешавад. Ва чун Имом (Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ) гуфт, бигӯед: (Аллоҳумма рабано лакал-ҳамд), Зеро ҳаргоҳ намозгузорон инро бигӯянд, Аллоҳ Таоло садояшон ва дуояшонро мешунавад, Зеро Аллоҳ бар забони Паёмбараш (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: (Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ, Аллоҳ шунид онки ҳамдашро гуфт). Ва чун имом такбир гуфт ва ба саҷда рафт, касоне ки аз пушти имом намоз мегузоранд такбир бигӯянд ва ба саҷда раванд, Зеро имом пеш аз онҳо ба саҷда меравад ва пеш аз онҳо аз саҷда бармехезад. Пас он лаҳза дар баробари ин лаҳза аст, ва саҷдаи намозгузорон ба андозаи саҷдаи имом мешавад. Ва ҳаргоҳ вақти нишастан барои ташаҳҳуд буд, нахустин чизе ки намозгузор мегӯяд бояд ин бошад: (Аттаҳиётут-тайиботус-салавоту лиллоҳи), Яъне: Мулк, боқӣ мондан ва азамату бузурги ҳамааш шоистаи Аллоҳ аст. Ва ҳамингуна намозҳои панҷгона ҳамаааш шоистаи Аллоҳ аст. (Ассалому ъалайка айюҳаннабийю ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ. Ассалому ъалайно ва ъало ъибодиллоҳис солиҳин). Яъне: Аз Аллоҳ Таоло саломати аз ҳар айбу офат ва нақсу фасодро хоҳонам ва саломи хосро ба паёмбарамон Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мекунам ва сипас бар худамон салом мефиристем ва сипас бар бандагони некукори Аллоҳ, ки ҳуқуқи Аллоҳ Таоло ва ҳуқуқи бандагонашро ба ҷо меоранд. Сипас гувоҳӣ медиҳем, ки нест маъбуди бар ҳақ, ҷуз Аллоҳ ва гувоҳӣ медиҳем, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст.

فوائد الحديث

Баёни яке аз шаклҳои ташаҳҳуд.

Афъолд ва ақволи намоз бояд аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) собит шуда бошад. Бинобар ин барои касе раво нест, ки дар он сухан ва амалеро аз худ изофа кунад, ки дар суннат собит нашуда бошад.

Аз имом пешӣ кардан ё зиёд ақиб мондан ҷоиз нест. Барои намозгузор машруъ он аст, ки дар афъол аз имом пайравӣ кунад. (андаке баъд аз имом афъоли намозро анҷом диҳад)

Аз аҳамият додани Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар расонидани паём ва таълим додани аҳкоми дин ба умматаш ёдовар шуд.

Имом намуна барои намозгузоре аст, ки аз пушти ӯ намоз мехонад, бинобар ин шоиста нест, ки дар корҳои имом аз ӯ пешӣ гирад, ё дақиқан ҳамроҳи ӯ анҷом диҳад, ё хеле аз ӯ ақиб монад, Балки бояд оғози пайравӣ аз имом баъд аз итмиънон аз ин бошад, ки имом вориди коре шудааст, ки қарор аст анҷомаш диҳад. Ва суннат он аст, ки аз имом пайравӣ кунад.

Барпо кардани сафҳо дар намоз машруъ ва ҷоиз аст.

التصنيفات

Равиш ва сифати намоз, Аҳкоми имом ва маъмум