Аллоҳ Таъоло мефармояд: Намозро миёни худам ва бандаам ду тақсим кардам ва барои бандаам ҳар он чи бихоҳад, ҳаст

Аллоҳ Таъоло мефармояд: Намозро миёни худам ва бандаам ду тақсим кардам ва барои бандаам ҳар он чи бихоҳад, ҳаст

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт: "Аллоҳ Таъоло мефармояд: Намозро миёни худам ва бандаам ду тақсим кардам ва барои бандаам ҳар он чи бихоҳад, ҳаст. Пас чун банда бигӯяд: (Алҳамду лиллоҳи раббилъоламин) Аллоҳ Таъоло мефармояд: Бандаам манро ситоиш кард. Ва чун бигӯяд: (Ар-Раҳмонир-Раҳим) Аллоҳ Таъоло мефармояд: Бандаам манро сано гуфт. Ва чун бигӯяд: (Молики явмид-дин) Аллоҳ Таъоло мефармояд: Бандаам манро ба бузургӣ ситуд - ва боре гуфт: Бандаи ман ба ман вакил шуд-. Ва чун бигӯяд: (Иёка наъбуду ва иёка настаъин) Аллоҳ Таъоло мефармояд: Ин байни ман ва бандаам аст ва барои бандаам ҳарчи бихоҳад, ҳаст. Ва чун бигӯяд: (Иҳдинас-сиротал-мустақим, сиротал-лазина анъамта алайҳим ғайрил-мағзуби алайҳим ва лаз-золлин) Аллоҳ Таъоло мефармояд: Ин барои бандаам аст ва барои бандаам ҳар он чизе бихоҳад, дода мешавад."

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар додаанд, ки Аллоҳ Таъоло дар ҳадиси қудсӣ мефармояд: Сураи "Фотиҳаро" дар намоз байни Худам ва бандаам ду тақсим намудаам, нисфи он барои Ман ва нисфи он барои ӯ. Нисфи аввали он ҳамду сано ва ситоишу бузургдошти Аллоҳ аст, ки барои он ба бандаам беҳтарин подошро медиҳам. Ва нисфи дуввуми он дуо ва тазарруъ ва илтиҷо аст. Ва дуояшро иҷобат мекунам ва он чи хостааст ба ӯ ато мекунам. Пас чун намозгузор "Алҳамду лиллоҳи раббилъоламин" (Ситоиш махсуси Аллоҳ, Парвардигори оламиён аст), бигӯяд, Аллоҳ мефармояд: Бандаам манро ситоиш гуфт. Ва чун бигӯяд: "Ар-Раҳмонир-Раҳим" (Бахшояндаи меҳрубон), Аллоҳ мефармояд: Бандаам манро сано гуфт ва манро ситуд ва ба раҳмате, ки бар ҳама халқ густардаам эътироф кард. Ва чун бигӯяд: "Молики явмид-дин" (Молики рӯзи ҷазо аст), Аллоҳ мефармояд: Бандаам манро тамҷид кард ва он шарафи бузург аст. Пас чун бигӯяд: "Иёка наъбуду ва иёка настаъин" (Туро мепарастем ва аз Ту ёри мехоҳем), Аллоҳ мефармояд: Ин миёни ман ва бандаам аст. Пас, нисфи аввали ин оят барои Аллоҳ аст ва он: "Иёка наъбуду" (Туро мепарастем), ки ба маънои эътироф ба улуҳият барои Аллоҳ аст ва истиҷобати Ӯ бо ибодат аст ва бо ин нисфе, ки барои Аллоҳ аст, поён меёбад. Ва нисфи дуввуми оят барои банда аст: "Иёка настаъин" (Аз Ту ёрӣ мехоҳем), талаби ёрӣ аз Аллоҳ ва ваъдаи ёрӣ додан аз ҷониби Аллоҳ. Ва чун бигӯяд: "Иҳдинас-сиротал-мустақим, сиротал-лазина анъамта алайҳим ғайрил-мағзуби алайҳим ва лаз-золлин" (Моро ба роҳи рост ҳидоят кун, * ба роҳи касоне, ки бар онҳо неъмат додаӣ, на аз онон, ки бар онҳо ғазаб кардаӣ ва на гумроҳон), Аллоҳ Таъоло мефармояд: Ин тазарруъ ва дуо аз сӯи бандаам аст ва барои бандаам ҳар он чизе бихоҳад, дода мешавад ва дуояшро иҷобат кардам.

فوائد الحديث

Фазилату бузургии сураи "Фотиҳа", чунки Аллоҳ Таъоло онро "намоз" номидааст.

Баёни инояти Аллоҳ Таъоло ба бандааш, чунон ки ӯро ба сабаби ҳамду сано ва тамҷидаш ситудааст ва ваъда додааст, ки он чи ӯ бихоҳад, барояш ато хоҳад кард.

Ин сураи карима чанд чизро дар бар гирифта аст, аз ҷумла: ҳамду ситоиши Аллоҳ, ёди рӯзи қиёмат, дуои Аллоҳ, ихлоси ибодат барои Ӯ ва дархости ҳидоят ба роҳи рост ва ҳушдор аз роҳҳои ботилро дар бар гирифтааст.

Ба ёд овардан ва эҳсос кардани ин ҳадис - ҳангоми хондани сураи "Фотиҳа" - аз ҷониби намозгузор, сабаби хушуъ ва фурутанӣ дар намоз мешавад.

التصنيفات

Фазоили сураҳо ва оятҳо, Фазоили Қуръони карим