إعدادات العرض
Чаҳор хислат аст, ки агар дар касе бошад, мунофиқи холис аст. Ва ҳар касе яке аз ин хислатҳоро дошта бошад, пас дар ӯ нишонае аз нифоқ ҳаст, то вақте ки онро тарк кунад:…
Чаҳор хислат аст, ки агар дар касе бошад, мунофиқи холис аст. Ва ҳар касе яке аз ин хислатҳоро дошта бошад, пас дар ӯ нишонае аз нифоқ ҳаст, то вақте ки онро тарк кунад: Ҳаргоҳ сухан гӯяд-дурӯғ гӯяд; ҳар гоҳ аҳду паймон бандад, онро шиканад; ҳар гоҳ ваъда диҳад, хилоф кунад; ҳар гоҳ хусумату душманӣ кунад, туҳмат занад ва аз ҳад гузарад
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Чаҳор хислат аст, ки агар дар касе бошад, мунофиқи холис аст. Ва ҳар касе яке аз ин хислатҳоро дошта бошад, пас дар ӯ нишонае аз нифоқ ҳаст, то вақте ки онро тарк кунад: Ҳаргоҳ сухан гӯяд-дурӯғ гӯяд; ҳар гоҳ аҳду паймон бандад, онро шиканад; ҳар гоҳ ваъда диҳад, хилоф кунад; ҳар гоҳ хусумату душманӣ кунад, туҳмат занад ва аз ҳад гузарад".
الترجمة
العربية অসমীয়া Bahasa Indonesia Kiswahili Tagalog Tiếng Việt ગુજરાતી Nederlands සිංහල Hausa پښتو नेपाली اردو Кыргызча മലയാളം English Svenska Română Kurdî Bosanski فارسی తెలుగు ქართული Moore Српски Magyar Português Македонски Čeština Русский Українська አማርኛ Malagasy Kinyarwanda Wolof ไทย ಕನ್ನಡ मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری Türkçe বাংলা ភាសាខ្មែរ Español Lietuvių हिन्दी O‘zbek Azərbaycan Oromoo 中文الشرح
Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз чаҳор хислат ҳушдор доданд, ки агар дар як мусалмон ҷамъ шаванд, ӯ ба сабаби ин хислатҳо ба мунофиқон шабоҳати сахт пайдо мекунад. Ин ҳукм барои касест, ки ин хислатҳо дар ӯ ғолиб ва доимӣ бошанд. Аммо касе, ки гоҳ-гоҳ чунин амал кунад, ин таҳдид ӯро дар бар намегирад. Он хислатҳо иборатанд аз: Якум: Вақте ҳарф мезанад қасдан дурӯғ мегӯяд ва дар гуфтораш ростӣ нест. Дувум: Вақте аҳду паймон мебандад, ба аҳдаш вафо намекунад ва ба он касе, ки бо ӯ аҳд бастааст, хиёнат мекунад. Севум: Вақте ваъда медиҳад, ба ваъдааш вафо намекунад ва хилофи он амал мекунад. Чаҳорум: Вақте баҳсу ҷанҷол мекунад, аз ҳақ берун меравад, бо макр ва ҳила ҳақро рад мекунад ва дурӯғу ботил мегӯяд. Нифоқ ин аст, ки шахс чизеро изҳор мекунад, ки дар ботин хилофи онро дорад. Ва ин маънӣ дар касе, ки ин хислатҳоро дорад, мавҷуд аст. Нифоқи ӯ дар ҳаққи касе аст, ки бо ӯ ҳарф задааст, ваъда кардааст, ӯро амин шуморидааст, бо ӯ баҳсу ҷанҷол кардааст ва бо ӯ аҳду паймон бастааст, на ин ки ӯ дар ислом мунофиқ бошад, ки зоҳир исломро қабул дорад ва ботинан кофир аст. Аммо касе, ки яке аз ин хислатҳоро дорад, дар ӯ нишонаи нифоқ ҳаст, то он ки онро тарк намояд.فوائد الحديث
Баъзе аломатҳои мунофиқ барои тарсондан ва ҳушдор додан зикр шудаанд, то мардум аз афтодан ба онҳо худро эмин нигоҳ доранд.
Мақсади ҳадис:
Ин хислатҳо, хислатҳои нифоқ мебошанд ва соҳиби онҳо дар ин хислатҳо ба мунофиқон шабоҳат дорад ва ба ахлоқи онҳо муттахаллиқ шудааст. На ин ки ӯ мунофиқе бошад, ки зоҳир исломро нишон медиҳад ва ботинан кофир аст. Ва гуфта шудааст: Ин ҳукм барои касест, ки ин хислатҳо бар ӯ ғолиб гаштаанд ва бо онҳо бепарвоёна бархӯрдааст ва онҳоро сабук шуморидааст. Чунин шахс одатан эътиқоди фосид дорад.
Ғаззолӣ мегӯяд: Пояи дини ислом дар се чиз хулоса мешавад: гуфтор, амал ва ният. Ӯ ҳушдор додааст, ки фасоди гуфтор дурӯғ гуфтан, фасоди амал хиёнат кардан ва фасоди ният ваъдахилофӣ намудан аст. Зеро хилофи ваъда танҳо дар ҳолате мунофиқӣ шуморида мешавад, ки шахс ҳангоми ваъда додан қасди иҷро накардани онро дошта бошад. Аммо агар нияти иҷро кардани онро дошт, вале монеъе пеш омад ё ақидааш иваз шуд, ин ҳолат нишонаи нифоқ нест.
Нифоқ ду навъ аст: Нифоқи эътиқодӣ, ки соҳиби он аз имон хориҷ мешавад. Ва он ин аст, ки дар зоҳир исломро нишон медиҳад, вале дар ботин кофир аст.
Нифоқи амалӣ, монанд шудани шахс ба мунофиқон дар ахлоқашон, (мисли дурӯғ гуфтан, хиёнат кардан, хилофи ваъда намудан ва беадолатӣ дар муноқиша). Ин навъи нифоқ шахсро аз имон хориҷ намекунад, аммо гуноҳи кабира ба ҳисоб меравад.
Ибни Ҳаҷар мегӯяд: Уламо иттифоқ доранд, ки агар касе бо қалб ва забонаш имон дошта бошад ва муртакиби ин хислатҳо шавад, кофир шуморида намешавад ва мунофиқе нест, ки дар дӯзах абадӣ бимонад.
Нававӣ мегӯяд: Бархе уламо гуфтаанд, ки ҳадис ба мунофиқони замони Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дахл дорад, ки исломро зоҳир мекарданд, вале ботинан дурӯғ гуфтанд, дар амри динашон амин шуморида шуданд, вале хиёнат карданд, дар амри дин ва ёрии он аҳду паймон бастанд, вале хилофи он амал карданд ва дар душманӣ варзидан аз ҳад гузаштанд ва носипос гуфтанд.