إعدادات العرض
Ҳар вақт яке аз шумо аз хоб бедор шуд, (ва қасди вузӯ кард) бояд се бор обро дар бинӣ кунад ва онро бо фишор берун андозад, зеро шайтон шабро дар бинии ӯ мегузаронад
Ҳар вақт яке аз шумо аз хоб бедор шуд, (ва қасди вузӯ кард) бояд се бор обро дар бинӣ кунад ва онро бо фишор берун андозад, зеро шайтон шабро дар бинии ӯ мегузаронад
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар вақт яке аз шумо аз хоб бедор шуд, (ва қасди вузӯ кард) бояд се бор обро дар бинӣ кунад ва онро бо фишор берун андозад, зеро шайтон шабро дар бинии ӯ мегузаронад."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt Hausa Kurdî Português සිංහල Nederlands অসমীয়া Kiswahili ગુજરાતી پښتو Română മലയാളം Deutsch ქართული नेपाली Magyar Moore తెలుగు Svenska Кыргызча ಕನ್ನಡ አማርኛ Українська Kinyarwanda Oromoo Македонски ไทย Српски मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری Malagasy Wolof ភាសាខ្មែរ Lietuvių தமிழ் Shqip မြန်မာ Русскийالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ташвиқ карданд, ки ҳар вақт касе аз хоб бедор шуд, се бор "истинсор" кунад. Истинсор, яъне баровардани об аз бинӣ пас аз ворид кардани об ба он, зеро шайтон шабро дар "хайшум"-и инсон мегузаронад ва хайшум ҳамаи бинӣ аст.فوائد الحديث
Ҳар касе, ки аз хоб бедор мешавад, мустаҳаб аст, ки бо бинӣ афшондан (истинсор) осори шайтонро аз бинияш пок кунад. Агар қасди вузӯ гирифтан дошта бошад, дар ин ҳолат истинсор барои ӯ таъкиди бештар дорад.
Истинсор сабаби пурра шудани фоидаи истиншоқ аст, зеро истиншоқ тоза кардани дохили бинӣ аст, вале истинсор бо об баровардани ифлосиҳои бинӣ аст.
Маҳдуд шудани истинсор ба хоби шаб аз калимаи "ябит" (хоби шаб) гирифта шудааст, зеро ин ҳолат танҳо дар хоби шабона рух медиҳад, чун хоби шаб дароз ва тӯлонӣ аст.
Дар ин ҳадис далели муоширати шайтон бо инсон аст, бе он ки ӯ эҳсос кунад.
التصنيفات
Сифати таҳорат