Эй гурӯҳи занон! Садақа бидиҳед, зеро ман шуморо бештари аҳли дӯзах дидам."…

Эй гурӯҳи занон! Садақа бидиҳед, зеро ман шуморо бештари аҳли дӯзах дидам." Онҳо гуфтанд: Эй Расули Худо, ба чӣ сабаб? Фармуд: "Шумо бисёр лаънат мекунед ва (некиҳои) ҳамсарро носипосӣ менамоед. Ман ҳаргиз касеро надидаам, ки бо вуҷуди ноқисӣ дар ақл ва дин, дар рабудани ақли як марди ҳушёру дурандеш тавонотар аз шумо (занон) бошад

Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар рӯзи (иди) Қурбон ё Фитр ба намозгоҳ баромад. Аз назди занон гузашт ва гуфт: "Эй гурӯҳи занон! Садақа бидиҳед, зеро ман шуморо бештари аҳли дӯзах дидам." Онҳо гуфтанд: Эй Расули Худо, ба чӣ сабаб? Фармуд: "Шумо бисёр лаънат мекунед ва (некиҳои) ҳамсарро носипосӣ менамоед. Ман ҳаргиз касеро надидаам, ки бо вуҷуди ноқисӣ дар ақл ва дин, дар рабудани ақли як марди ҳушёру дурандеш тавонотар аз шумо (занон) бошад". Онҳо гуфтанд: Эй Расули Худо, нуқсони дин ва ақли мо дар чист? Фармуд: "Оё шаҳодати зан баробари нисфи шаҳодати мард нест?" Гуфтанд: Бале. Фармуд: "Ин аз камии ақли ӯст. Оё вақте ки ҳайз мешавад, на намоз мегузорад ва на рӯза мегирад?" Гуфтанд: Бале. Фармуд: "Ин аз камии дини ӯст."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар рӯзи ид ба намозгоҳ баромад. Пештар ба занон ваъда дода буд, ки онҳоро ҷудогона мавъиза мекунад, пас дар ҳамон рӯз ваъдаашро иҷро намуд ва фармуд: Эй гурӯҳи занон! Садақа диҳед ва зиёд истиғфор бигӯед, чун ин ду аз бузургтарин воситаҳои пок кардани гуноҳонанд. Зеро ман дар шаби Исро шуморо бештари аҳли дӯзах дидам. Яке аз онҳо, ки дорои ақлу фикру вақор буд, гуфт: Эй Расули Худо, чаро мо бештари аҳли дӯзах ҳастем? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Ба сабаби чанд чиз: бисёр лаънат ва дашном мекунед ва дар ҳаққи шавҳар носипосӣ менамоед. Сипас онҳоро бо ин сухан тавсиф кард: Ман ҳаргиз касеро надидаам, ки бо вуҷуди ноқисӣ дар ақл ва дин, дар рабудани ақли як марди ҳушёру дурандеш тавонотар аз шумо (занон) бошад. Он зан гуфт: Эй Расули Худо, кам будани ақлу дини мо дар чист? Фармуд: Камии ақл дар он аст, ки шаҳодати ду зан ба шаҳодати як мард баробар аст, ҳамин ками дар ақл аст. Аммо ками дар дин, кам шудани амалҳои нек аст, зеро зан шабу рӯзҳое мешавад, ки аз сабаби ҳайз намоз намехонад, ва рӯзҳое аз моҳи Рамазонро ба сабаби ҳайз рӯза намегирад, ин камӣ дар дин аст. Бо вуҷуди ин, онҳо барои ин маломат намешаванд ва ҷазо намегиранд, зеро ин аз табиати офаридаи онҳо мебошад. Чунон ки инсон ба таври фитрӣ молро дӯст медорад, дар корҳои худ шитобкор аст ва нодон… ва дигар хислатҳо. Аммо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ин ишора кард то мардумро аз фитна ва озмоиши занон ҳушдор диҳад.

فوائد الحديث

Мустаҳаб (кори писандида) аст, ки занон ба намози иди Фитр ва иди Қурбон бароянд ва барои онҳо мавъизаи хос дода шавад.

Носипосии шавҳар ва бисёр лаънат кардани занон аз гуноҳони кабира ба ҳисоб мераванд, зеро ваъдаи оташи дӯзах барои онҳо далели кабира будани ин амалҳост.

Дар ин мавъиза ба зиёду камшавии имон ишора шудааст, ҳар кас ибодати бештар анҷом диҳад, имону динаш зиёдтар (комилтар) мешавад ва ҳар кас ибодаташ кам гардад, динаш кам (ноқис) мешавад.

Нававӣ мегӯяд: Ақл зиёдшавӣ ва камшавиро мепазирад, имон низ ҳамчунин аст. Мақсад аз зикри камии ақлу дин дар занон маломат кардани онҳо нест, зеро ин чиз аз табиати офаридашудаи онҳост. Балки мақсад ҳушдор додан аз фитнаи занон аст. Аз ин рӯ, азоб бар он амалҳое, ки зикр шуданд, монанди носипосӣ ва ғайра, вобаста карда шудааст, на бар камии табиии дин. Зеро нуқсони дин танҳо ба он чизҳое маҳдуд намешавад, ки боиси гуноҳ мешаванд, балки фаротар аз он аст.

Дар ин ҳадис иҷозаи муроҷиат ва суол кардани толибилм аз олими худ вуҷуд дорад, вақте ки маънои сухани ӯ барояш равшан набошад.

Дар ҳадис далолат бар он аст, ки шаҳодати зан бар нисфи шаҳодати мард баробар аст, бинобар нақси ҳофизаи зан.

Ибни Ҳаҷар дар тавзеҳи сухани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ман ҳаргиз касеро надидаам, ки бо вуҷуди ноқиси дар ақл ва дин ...", мегӯяд: Ба назари ман ин яке аз сабабҳои зиёд будани занон дар дӯзах аст, зеро вақте ки зан сабаби гумроҳ кардани марди оқил гардад то ӯ амал ё гуфтори ношоиста анҷом диҳад, дар гуноҳ бо ӯ шарик мешавад ва ҳатто гуноҳаш бештар мегардад.

Ҳангоми ҳайз ба зан намоз ва рӯза ҳаром аст, ҳамчунин ба зани дар нифос буда (пас аз таваллуд). Баъд аз пок шудан, танҳо рӯзаро қазо медоранд, аммо намозро қазо намедоранд.

Ин ҳадис аз ахлоқи неки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шаҳодат медиҳад, зеро саволҳои занонро бе тундӣ, бе сарзаниш ва бидуни сахтгирӣ ҷавоб медоданд.

Ибни Ҳаҷар мегӯяд: Садақа азобро дафъ мекунад ва метавонад гуноҳони байни бандагонро низ пок намояд.

Нававӣ гуфтааст: Нуқсони дин дар занон ба сабаби тарки намоз ва рӯза дар вақти ҳайз мебошад, зеро ҳар кас ибодаташ зиёд бошад, имон ва динаш бештар мешавад ва ҳар кас ибодаташ кам гардад, динаш коҳиш меёбад. Ва аммо, кам шудани дин чанд навъ аст: навъе, ки боиси гуноҳ мешавад, мисли касе, ки намоз ё рӯза ё дигар ибодатҳои воҷибро бе узр тарк мекунад. Навъе, ки дар он гуноҳ нест, мисли тарки ҷумъа ё ҷиҳод бар касе, ки инҳо бар ӯ воҷиб нестанд. Навъе, ки инсон ба он мукаллаф аст, мисли тарки намоз ва рӯза аз ҷониби зани ҳоиз, ки ин тарк бо фармони шариат аст ва гуноҳ надорад.

التصنيفات

Аҳкоми занон, Сифатҳои биҳишт ва дӯзах