إعدادات العرض
Ҳар вақт Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҳоҷатхона берун меомаданд, мегуфтанд: "Ғуфронака" (Парвардигоро, маро биёмурз)
Ҳар вақт Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҳоҷатхона берун меомаданд, мегуфтанд: "Ғуфронака" (Парвардигоро, маро биёмурз)
Аз Оиша Модари муъминон (разияллоҳу анҳо) ривоят аст: Ҳар вақт Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҳоҷатхона берун меомаданд, мегуфтанд: "Ғуфронака" (Парвардигоро, маро биёмурз).
[Саҳеҳ] [رواه أبو داود والترمذي وابن ماجه وأحمد]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Kurdî অসমীয়া Kiswahili Tiếng Việt ગુજરાતી Nederlands සිංහල Hausa پښتو नेपाली Кыргызча മലയാളം Svenska Română తెలుగు ქართული Moore Српски Magyar Português Македонски Čeština Українська አማርኛ Azərbaycan Malagasy Kinyarwanda Wolof ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری ភាសាខ្មែរ Lietuvių ಕನ್ನಡ Oromoo Deutsch Shqip தமிழ் မြန်မာالشرح
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақте ки аз ҳоҷатхона мебаромад, мегуфт: "Асъалука ғуфронака, ё Аллоҳ". (Эй Аллоҳ, аз Ту мағфирататро мехоҳам).فوائد الحديث
Гуфтани "Ғуфронака" баъд аз ҳоҷатхона баромадан, мустаҳаб аст.
Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳама ҳолатҳо аз Парвардигораш омурзиш мехостанд.
Дар бораи сабаби дархости мағфирати Худованд пас аз қазои ҳоҷат, чунин гуфтаанд, ки инсон шояд дар шукри неъматҳои бузурги Парвардигор, аз ҷумла ба осонӣ баромадани он чи ӯро озор мерасонад, кӯтоҳӣ кардааст. Бинобар ин мегӯяд: Илоҳо, мағфирати Туро мехоҳам, ки ҳангоми қазои ҳоҷат аз ёди Ту ғофил шудам.
التصنيفات
Одоби қазои ҳоҷат