إعدادات العرض
Касе содиқона ва аз қалб гувоҳӣ диҳад, ки нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст, Худованд оташи дӯзахро бар ӯ ҳаром мегардонад
Касе содиқона ва аз қалб гувоҳӣ диҳад, ки нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст, Худованд оташи дӯзахро бар ӯ ҳаром мегардонад
Аз Анас ибни Молик, (Худованд аз ӯ рози бод) омадааст: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар маркабе савор ва Муъоз пушти ӯ нишаста буд, гуфт: "Эй Муъоз ибни Ҷабал" Гуфт: бале эй Расули Худо дар хидматат ҳастам. Гуфт: "Эй Муъоз" Муъоз гуфт: бале эй расули Худо дар хидматат ҳастам ва инро се маротиба такрор намуданд. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Касе содиқона ва аз қалб гувоҳӣ диҳад, ки нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст, Худованд оташи дӯзахро бар ӯ ҳаром мегардонад". Муъоз гуфт: оё ин муждаро ба мардум бирасонам? Паёмбари Худо фармуд:" онҳо дигар бар ин такя мекунанд". Муъоз ин ҳадисро ҳангоми вафот аз тарси мабодо инки (барои пинҳон кардани илм) гунаҳгор шавад, гуфтааст.
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Bahasa Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Français Kurdî Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் සිංහල မြန်မာ ไทย Русский 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands ئۇيغۇرچە Hausa دری Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy Română Kinyarwanda नेपाली Српски Soomaali Deutsch Moore Українська Български Wolof Azərbaycan ქართულიالشرح
Муъоз ибни Ҷабал (Худованд аз ӯ розӣ бод) пушти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) савор буд ва Паёмбари Худо ба ӯ гуфт: эй Муъоз! Ва инро се бор такрор фармуданд, ки такрори ин қавл инҷо бинобар таъкид ва аҳамияти ончи мегуядро дорад. Муъоз (Худовнд аз ӯ розӣ бод) посухи ҳар се пурсишро ин гуна ҷавоб доданд: "Лабайка ё Расулаллоҳ ва саъдайка" (Пай дар пай ба ту ҷавоб мегӯям эй Расули Худо ва барои ту хушӣ хоҳонам). Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: Ҳар касе содиқона ва аз қалб гувоҳӣ диҳад, ки ҳеҷ маъбуди бар ҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад фиристодаи Ӯ Таъоло аст, ва бар ин бовар бимирад Худованд оташи дузахро бар ӯ ҳаром мегардонад. Муъоз (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) иҷозат хост, ки оё ин муждаи некро ба мардум бирасонад? Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бим аз он дошт, ки мабодо мардум такя бар ин мужда намуда танбалӣ кунанд ва амалашон кам шавад. Муъоз то замони пеш аз марги худ онро ба касе нагуфт, аммо бинобар тарс аз афтодан ба гуноҳи китмони илм онро ошкор кард.فوائد الحديث
Савор кардани Муъоз пушти сари худ аз нишонаҳои тавозуъи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аст.
Равиши Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар таълим, яъне чанд маротиба садо ва хитоб кардани ӯ, то таваҷҷуҳи ӯро ба ончи мегӯяд ҷалб кунад.
Аз ҷумлаи шартҳои калимаи шаҳодат бо яқин ва аз қалб гуфтани "Ло илоҳа иллаллоҳ ва анна Муҳаммадан Расулуллоҳ" аст.
Аҳли тавҳид ҳамеша дар оташи дузах нахоҳанд буд, агар ба сабаби гуноҳон вориди он шаванд пас аз пок шудан берун карда мешаванд.
Фазилати шаҳодатайн барои касе ки онро содиқона ба забон меоварад.
Нагуфтани ҳадис дар баъзе аз маворид, ки боиси фасод шавад ҷоиз аст.